27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
28.04.2025 09:01

Ҷанги Ғазза бо қатли ғайринизомиён ва буҳрони башарӣ идома дорад

Дар идомаи ҳамлаҳои ҷинояткоронаи саҳюнистӣ дар Навори Ғазза бар асоси омори расмӣ аз субҳи имрӯз дар минтақаҳои мухталифи ин ҷо 14 ғайринизомӣ кушта шуданд.

Дар рӯзи 41-уми азсаргирии ҷанги ваҳшиёнаи Исроил бар зидди Навори Ғазза ҳамлаҳои ҷинояткоронаи ин режим ба ғайринизомиён дар саросари Ғазза идома дорад ва ҳамзамон паҳлӯҳои нави буҳрони артиши ишғолгар дар ҷараёни ҷанг ошкор шудааст.

Сарчашмаҳои хабарии фаластинӣ иттилоъ доданд, ки субҳи имрӯз ҳавопаймоҳои ҷангии артиши саҳюнистӣ ғарби Хон Юнусро дар ҷануби Навори Ғазза бомбаборон карданд.

Дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои артиши Исроил ба хаймаҳои оварогон дар минтақаи Мавасӣ, воқеъ дар ғарби Хон Юнус 12 ғайринизомӣ маҷруҳ шуданд ва чанд нафари дигар ҳам нопадид гаштанд.

Ҳамчунин, дар ҳамлаҳои артиши Исроил ба як бинои истиқоматӣ дар урдугоҳи Бурайҷ дар маркази Навори Ғазза чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Манобеи фаластинӣ хабар медиҳанд, ки ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ғарби урдугоҳи Ал-Нусайрат дар маркази Навори Ғазза низ идома дорад ва омори шаҳидон ва захмиён то ҳол маълум нест.

Сарчашмаҳои хабарии фаластинӣ ҳамчунин, аз ҳамлаҳои шадиди тӯпхонаҳои артиши Исроил ба минтақаҳои шарқии Ғазза гузориш додаанд. Як чархболи ҳарбии “Апачи” –и Исроил низ ба ғайринизомиён дар шарқи Ғазза оташ кушод.

Сарчашмаҳои маҳаллӣ аз шаҳодати як навраси 17-сола дар бомбаборони минтақаи Хуазаа дар шарқи Хон Юнус хабар доданд. Минтақаи шарқии маҳаллаи Туффаҳ дар шарқи Ғазза низ ҳадафи бомбаборон қарор гирифт.

Дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои Исроил ба шимоли Навори Ғазза субҳи имрӯз як кӯдак кушта шуд.

Дар бомбаборони урдугоҳи Ал-Буйраҷ дар маркази Навори Ғазза се ғайринизомӣ кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд.

Як моҳигири фаластинӣ дар баҳри Хон Юнус аз сӯйи қоиқҳои ҷангии артиши Исроил кушта шуд ва чанд тани дигар захмӣ шуданд.

Бар асоси иттилои табибон дар Ғазза аз субҳ то ба имрӯз 14 нафар, аз ҷумла чанд кӯдак кушта шудаанд.

Вазорати тандурустии Ғазза эълон кард, ки дар 24 соати гузашта дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии артиши Исроил 39 ғайринизомии фаластинӣ кушта шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.