27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
26.04.2025 12:39

Вазири дифои Покистон: “Мо барои корҳои касифи Амрико ва Англия аз терроризм ҳимоят мекардем”

Вазири дифои Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф дар суҳбат бо телевизиони “Скай Нюз” иқрор намуд, ки ҳукуматҳои гузашта дар ин кишвар дар се даҳсолаи ахир аз гурӯҳҳои террористӣ ба хотири манфиатҳои Амрико ва Британияи Кабир пуштибонӣ кардаанд.

“Мо се даҳсола аст, ки ин корҳои нопокро барои Амрико ва Аврупо, аз ҷумла Британия анҷом медиҳем. Ин иштибоҳе буд, ки мо содир кардем ва ба ҳамин хотир имрӯз чунин масъалаҳо ба сари мо омадааст”- гуфт вазири дифои Покистон.

Хоҷа Осиф зикр кард, ки агар Покистон дар ҷанги зидди Шӯравӣ дар солҳои 1980 ва баъдан дар ҷанги ба истилоҳ “Мубориза бо терроризм” баъд аз ҳамлаҳои 11-уми сентябр ширкат намекард, “собиқаи ин кишвар поку беайб мемонд”.

Вазири дифои Покистон бо таъкид ба паёмадҳои дохилии сиёсати пуштибонӣ аз терроризм гуфт: “Мо нархи гарон пардохтем. Ҷомеаи мо осеб дид ва амнияти мо халалдор шуд”.

Ин изҳорот баъд аз чанд рӯзи ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Паҳалгам дар Кашмири зери назорати Ҳиндустон садо дод. Ин ҳодиса боиси сардӣ ва танишҳои бесобиқа миёни Покистон ва Ҳиндустон шуд.

Дар пайи ин ҳамла Ҳиндустон шартномаи оби Синдро бекор кард, марзи Аттариро баст ва дипломатҳои Покистонро депорт намуд. Ҳамчунин, Деҳлӣвизаҳои ба шаҳрвандони Покистон додаашро бекор кард ва аз онҳо хост, ки қаламрави Ҳиндустонро тарк кунанд.

Дар посух Покистон низ гузаргоҳи Вагҳаро баст ва фазои ҳавоии худро ба рӯи парвозҳои Ҳинд баст. Покистон ҳамчунин, шумораи зиёди дипломатҳои Ҳиндро ихроҷ намуд ва вазифаҳои додашуда ба шаҳрвандони Ҳиндро бекор кард.

Дар ҳамлаи террористии гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Кашмир беш аз 26 сайёҳ кушта шуданд.

Ҷумҳурии Исломии Покистон дирӯз эълон кард, ки Ҳиндустон бо иқдомҳои душманонааш Покистонро ба даст доштан ба ин ҳодисаи террористӣ муттаҳам мекунад.

Гурӯҳи террористии Толибон аз ҷумлаи гурӯҳҳои мусаллаҳи террористие буданд, ки дар се даҳаи ахир дар Покистон пинҳон нигоҳ дошта мешуданд ва бар зидди ҳукумати қонунии вақти Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ анҷом медоданд.

Кишварҳо Покистонро муттаҳам мекунанд, ки дар чанд даҳа ба гурӯҳҳои ифротӣ паноҳ додааст. Онҳо дар Покистон омӯзиши низомӣ дида, дар Афғонистону Ҳиндустон ҳамлаҳо анҷом медиҳанд.

Мақомоти покистонӣ дар даст доштан ба ҳамла ба сайёҳон дар Кашмирро рад карда, Ҳиндро ба ҳимоят дар гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддипокистонӣ муттаҳам кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳинд Покистонро масъули ин ҳамла медонад ва дар посух робитаҳои дипломатии худ бо ин кишварро қатъ кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.