Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Мақомоти полиси вилояти Хатлон фаъолияти мардеро, ки ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ машғул буд, манъ карданд
Раёсати корҳои дохилии вилояти Кӯшониён сокини деҳаи Меҳнатобод Зикриё Усмонович Аминовро барои фаъолияти ғайриқонуниаш, ки ба паҳн кардани амалҳои сохтакорӣ рабт дошт, боздошт намуданд.
Тафтишот нишон медиҳад, ки Аминов дар манзилаш шаҳрвандонро ҳамчун муштариён қабул карда, хидматҳои сохтакорӣ бо номи “пӯшидакунӣ”, “оби дамкунӣ”, “кушодани бахт” ва “табобати бемориҳо” –ро пешниҳод мекард. Аз ҷумла, Абдуллоева Н. А, Одинавева Ш. А, Бекова Б. ва Раҳмонова Н. Х., ки барои кумак муроҷиат карда буданд, дар ивази хидматҳои “магикӣ”-и ӯ маблағҳои пулӣ пардохт карданд.
Дар доираи рейдҳои гузаронидашуда полис на фақат Аминов, балки муштариёни ӯро низ боздошт кард.
Бар асоси моддаи 482-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон бар зидди Зикриё Аминов парванда оғоз шуда, маводҳо ба суд барои таҳқиқи минбаъда фиристода шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки эҳтиёткор бошанд ва ба афроди нашркунандаи боварҳои бемаънӣ ва кумакҳои сохтакорӣ эътимод накунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”