Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Чин ва Русия дар Моҳ реактори атомӣ месозанд
Чин ва Русия эҳтимоли сохтани реактори атомиро дар сатҳи Моҳ ба хотири таъмин намудани неруи барқ ба пойгоҳи байналмилалии таҳқиқоти моҳвораӣ, ки то соли 2035 сохтанаш дар назар аст, баррасӣ мекунанд.
Дар хусуси ин масъала муҳандиси калони лоиҳаи “Чанъэ-8” Пэй Чжаоюй дар як ҳамоиши иштирокчиёни лоиҳаи байналмилалӣ дар шаҳри Шанхай иттилоъ дод.
Ин пойгоҳ бо ҳамкорӣ миёни агентии миллии кайҳонии Чин ва ширкати русии “Роскосмос” амалӣ мешавад ва бояд ҳамчун як алтернатива ва барномаи амрикоии “Артемис” бошад.
Ҳадафи он гузоштани пояи нахустини доимӣ дар моҳ мебошад.
Дар доираи ин лоиҳа, ки оғози он дар соли 2028 ба нақша гирифта шудааст, бунёди зерсохтҳои энергетикӣ, аз ҷумла панелҳои офтобӣ, низоми лӯлаҳо ва кашидани кабелҳо оғоз мегардад.
Бо вуҷуди ин, таваҷҷуҳи махсус ба имкони истифодаи сарчашмаи атомии нерӯ дода шудааст.
Ин лоиҳаи байналмилалӣ аллакай пуштибонии 17 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалиро ба даст овардааст. Дар оянда Чин орзу дорад барномаи 555 –ро оғоз кунад, ки бар асоси он 50 кишвар, 500 муассисаи илмӣ ва 5000 муҳаққиқи хориҷӣ ба ҳамкорӣ дар барномаи моҳвораӣ даъват шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”