27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
25.04.2025 12:11

Баъди ҳамлаи террористӣ Ҳинду Покистон “осмону замин”-ро ба рӯи ҳам бастанд

Ҳиндустон визаҳое, ки қаблан ба шаҳрвандони Покистон дода буд, бекор кард. Вазорати хориҷаи ин кишвар ба шаҳрвандони Ҳиндустон иттилоъ дод, ки аз Покистон ба кишвари худ баргарданд.

Кумитаи амнияти миллии Покистон ба чораҳои ҷавобии Ҳиндустон вокуниш нишон дод. Дар посух ба иқдомҳои Ҳиндустон Исломобод гузаргоҳи сарҳадии Вагаҳро мебандад - ягона нуқтаи аҳолинишин, ки дар он сарҳади байни Ҳиндустон ва Покистон убур карда мешавад ва инчунин, тамоми визаҳои додашуда ба шаҳрвандони Ҳиндустонро боз медорад.

Покистон ҳамчунин, фазои ҳавоии худро барои ҳамаи ширкатҳои ҳавоии Ҳиндустон баст. Шумораи дипломатҳои Ҳиндустонро дар Исломобод коҳиш дод ва тамоми тиҷорат бо ин кишварро боздошт.

Дар изҳороти мақомоти покистонӣ гуфта мешавад, ки нарасидани тафтишоти боэътимод ва далелҳои санҷидашаванда, кӯшишҳои Ҳиндустон барои рабт додани ҳамла дар Кашмир ба Покистон “бепарвоёна, беасос ва бе мантиқ аст”.

Ғайр аз ин, дар изҳороти Шурои амнияти миллии Покистон зикр шуд: “Мо ҳар гуна кӯшиши Ҳиндустон барои масдуд кардани ҷараёни об ба Покистонро, баъд аз хориҷ шуданаш аз Созишномаи оби Ҳинд ҳамчун амали ҷангӣ арзёбӣ хоҳем кард”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22-уми апрел шахсони мусаллаҳ ба як гурӯҳи сайёҳон дар қисми ҳиндустонии Кашмир оташ кушоданд. Мақомот аз ҳалокати 26 нафар ва ҷароҳат бардоштани 17 тани дигар хабар доданд.

Полиси Ҳиндустон шахсияти гумонбаронро дар ҳамлаи Кашмир муайян кардааст. Барои маълумот дар хусуси макони будубоши террористони фирорӣ 2 миллион рупия ҷоиза таъйин шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.