Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Ӯзбекистон бори аввал бо технология “борон” меборонанд
Дар ноҳияи Канимехи вилояти Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон як лоиҳаи нави инноватсионӣ оғоз гардид, ки ба мубориза бо хушксолӣ ва норасоии об мусоидат мекунад.
Бо ташаббуси ҳокими ноҳия Руслан Рӯзаев таҷҳизоти махсус ба минтақа оварда шудааст, ки ба атмосфера таъсир расонида, дар ташаккули абрҳо ва фаро овардани боришот кумак мекунад.
Чунин технология қаблан дар кишварҳои иқлими хушк ба кор бурда мешуд ва барои Ӯзбекистон ин таҷрибаи аввалин маҳсуб мешавад.
Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ширкати қазоқистонии “International Centre of Climate chage Technologies” амалӣ мешавад. Интизор меравад, ки татбиқи он вобастагии кишвар аз сарчашмаҳои табиии обро кам карда, ҳолати чорогоҳҳоро беҳтар ва ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ ва чорводориро зиёд мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои ахир дар интернет хабарҳои зиёд дар хусуси истифодаи бомуваффақияти усули ионизатсия барои боронидани борон дар ИМА, Урдун ва дигар кишварҳо пайдо шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”