27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
25.04.2025 11:07

Мақоми эронӣ: даври сеюми музокироти Эрон ва Амрико “сахттар” хоҳад буд

Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯянд, ки даври сеюми музокироти атомии Эрон ва Амрико дар Уммон дар муқоиса бо ду давраи қаблӣ душвортар хоҳад буд.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кардааст, ки Эрон фақат бояд иҷозаи воридоти урани ғанишударо дошта бошад.

Алоуддин Буруҷардӣ, узи Кумитаи амният ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон ба хабаргузории «Исно» гуфт, ки марҳилаи осони музокирот дар давраҳои нахуст ва дувум гузаронида шудаанд, вале “вақте кор ба марҳилаи  коршиносӣ мерасад, музокирот ҷиддӣ ва душвор мегардад”.

Мақоми эронӣ гуфт, ки орзуи Ҷумҳурии Исломӣ расидан ба натиҷа дар музокирот аст, зеро “гузинаи дигар вуҷуд надорад”, аммо ҳамзамон ҳушдор дод, ки Эрон аз “ҳаққи қонунии атомии худ даст нахоҳад кашид”. Ӯ таъкид кард, ки Амрико барои рафъи нигарониҳо ва дарёфти замонат бояд таҳримҳоро ҳамчун гузашт бардорад.

Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбат бо хабарнигори “Садо ва симои Эрон” гуфт: “Мо рӯзи шанбе бо ҷиддият вориди музокирот хоҳем шуд”.

Ӯ ба мавқеъгирии зиддунақизи Амрико, ки дар расонаҳо бозтоб меёбанд, ишора карда, гуфт: “Агар хостаи Амрико фақат пешгирии Эрон аз сохти силоҳи атомӣ бошад, агар талаботи ғайримантиқӣ ва амалинашаванда матраҳ шавад, бо мушкил рӯ ба рӯ хоҳем шуд”.

Аббос Ироқчӣ, ки барои мулоқот бо мақомоти Чин ба Пекин рафта буд, аз ҷараёни музокирот то ба имрӯз изҳори қаноатмандӣ карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико чанде қабл дар мусоҳиба бо барномаи подкастӣ гуфт, агар Эрон фаъолиятҳои атомии сулҳомез мехоҳад, бояд урани ғанишударо ворид намояд. Ӯ афзуд, ки агар Теҳрон бар идомаи ғанисозии уран дар дохили кишвар пофишорӣ кунад, “танҳо кишвари ҷаҳон хоҳад буд, ки барномаи силоҳи атомӣ надорад, аммо ғанисозии уранро мекунад ва ман фикр мекунам, ин масъалаеро эҷод намекунад”.

Дафтари Стив Уиткофф, намояндаи махсуси Доналд Трамп ва масъули музокироти атомӣ бо Ироқчӣ аз сӯйи Эрон, ҳафтаи гузашта эълон кард, ки Амрико хостори қатъи комили барномаи ғанисозии уран дар Эрон аст.

Мақомоти эронӣ борҳо таъкид кардаанд, ки ин мавзуъ қобили музокира нест ва “хати сурх” –и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шумор меравад.

Лоуренс Норман, хабарнигори “Вол стрит журнал” дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х”, ки дар расонаҳои эронӣ низ васеъ бозтоб ёфтааст, аз пешниҳоди Эрон ба Амрико дар Рим барои сармоягузорӣ дар рушди саноати атомии Эрон хабар додааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Рейтерз” бо истинод ба Маркази илм ва амнияти ҷаҳонӣ бо такя ба тасвирҳои моҳвораӣ гузориш дод, ки Теҳрон тадбирҳои шадиди амниятии атрофи муассисаи атомии Натанзро таҳким бахшида, деворҳои муҳофизатӣ дар атрофи он бунёд кардааст.

Ин гузориш ба посухи масхараомези Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯ ба рӯ шудааст, ки дар паёме дар “Х” онро “ваҳшатангез” номида, навишт: “Талошҳои Исроил ва баъзе гурӯҳҳои манфиатдори махсус барои фосила андохтан дар дипломатия – бо истифода аз ҳар гуна тактикаҳо барои ҳама комилан ошкор аст”.

Рафаэл Гросси, директори генералии Оҷонсии байналмилалии неруи атомӣ, ки ба наздикӣ ба Теҳрон сафар карда буд, ҳангоми музокироти Эрон ва Амрико низ дар Рим ҳузур дошт, шоми чоршанбе эълон кард, ки бо мувофиқаи Эрон як гурӯҳи фаннӣ дар рӯзҳои наздик вориди кишвар хоҳад шуд, то дубора камераҳои назоратии оҷонсро дар муассисаҳои атомии Эрон насб кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.