27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
24.04.2025 17:27

Як зани қазоқ барои сафар ба Сурия ва никоҳи духтараш бо террорист маҳкум шуд

Бар асоси иттилои расонаҳои қазоқистонӣ Прокуратураи шаҳри Остона як занро барои паҳн кардани маводи ифротгароёна ва кӯшиши ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои террористӣ ба муддати тӯлонӣ маҳкум кард.

Мақомот хабар доданд, ки занро кормандони полис дар майдони ҳавоии шаҳри Алмаато дар лаҳзаи кӯшиши парвоз ба Сурия ба воситаи Туркия боздошт кардаанд. Бар асоси ҳукми додгоҳ ин зан аз шабакаи Телеграм барои нашри паёмҳое, ки амалҳои иштирокчиёни низоъҳои мусаллаҳонаи дорои ангезаҳои динӣ ва ифротгароиро таблиғ мекарданд, истифода бурдааст.

Маълум шуд, ки ӯ ният дошт ду духтари ноболиғашро ба Сурия барад ва онҳоро ба никоҳи аъзои ташкилотҳои террористӣ диҳад. Прокурор ба додгоҳ далелҳоеро пешниҳод кард, ки собит месозад, ӯ бо истифода аз шабакаҳои алоқа барои тарғиби терроризм ва омодагӣ ба иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ мақсад доштааст.

Бар асоси ҳукми додгоҳ ин зан ба 7 сол зиндон маҳкум гардид. Прокуратураи шаҳри Остона хотиррасон мекунад, ки барои ташкил, роҳбарӣ ва иштирок дар гурӯҳҳои террористӣ ҷазо то 17 сол ҳабс бо мусодираи молу мулкро дар дар бар мегирад.

Барои таблиғи терроризм ё даъвати оммавӣ ба содир кардани амали террористӣ низ ҷазо то 12 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи молу мулк муқаррар шудааст.

Қаблан, Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дода буд, ки аз аввали соли равон дар ин кишвар 34 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди хориҷӣ барои таблиғи терроризм маҳкум шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.