27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
24.04.2025 17:16

Дар вилояти Хатлон беш аз 6 миллион гулҳои тару тоза шинонидаанд

Дар вилояти Хатлон аз оғози мавсими имсол 6 338 447 гулҳои гуногуннавъ шинонида шудааст, ки 70 фоизи нақшаи умумии 9 182 435 гулро ташкил медиҳад. Дар ин хусус сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Собирзода Қурбоналӣ хабар дод.

Тибқи иттилои раёсати мазкур дар мавсими ҷорӣ дар гузаштҳои шаҳрӣ ва деҳоти вилоят 778 695 лола, 1084 010 садбарг ва 4551 342 гули мавсимӣ нишонида шудаанд.

Ин корҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ҳамчунин, бо истифода аз имконияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва шуъбаҳои кишоварзӣ амалӣ гардидаанд.

“Шинонидани гулҳо на фақат зебо кардани маҳалҳо, балки як унсури муҳимми муҳити шаҳрӣ аст, ки ба сабзгардонӣ ва беҳтар намудани экологӣ мусоидат мекунад”- таъкид кард Собирзода Қурбоналӣ.

Дар ҳукумати вилоят ҳамчунин, хабар доданд, ки чанде қабл дар Хатлон озмуни “Сайри гули Лола – 2025 “ баргузор гардид. Шаҳри Бохтар миёни шаҳрҳо ғолиб эълон шуд ва ноҳияи Данғара дар миёни ноҳияҳои вилоят пешсаф дониста шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагон аз ҳамаи гӯшаву канори вилоят иштирок намуданд ва таваҷҷуҳи васеи сокинон ва меҳмонони вилоятро ҷалб карданд.

Интизор меравад, ки дар ҳафтаҳои наздик корҳои боқимондаи шинонидани гулҳо ба анҷом расанд ва вилояти Хатлон дар оғози мавсими тобистон бо намои пурраи гулҳо зебо шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.