Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Музокироти техникии Амрико ва Эрон боз “ғайримустақим” сурат мегирад
Музокироти техникӣ миёни Эрон ва Амрико, ки бояд рӯзи шанбеи ҳафтаи оянда баргузор шавад, ба шеваи ғайримустақим ва бо миёнаравии коршиносони Уммон дар шаҳри Масқат сурат мегирад. Дар ин хусус хабаргузории “Тасним” –и Эрон хабар додааст.
Тибқи иттилоъ, музокирот бо ҳузури коршиносони соҳаҳои атомӣ ва таҳримҳо аз ду кишвар баргузор шуда, мақсади он расидан ба як созиши муштарак аст. Ин музокирот дар ҳоле доир мегардад, ки намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ дар ҳайати коршиносони амрикоӣ ба Масқат сафар мекунанд.
Қабл аз ин гузориш нашр шуд, ки рӯзи шанбе дар чорчӯби даври сеюми музокирот миёни Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва Стив Уиткофф, намояндаи хоси президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико натиҷаҳои ҷаласаҳои коршиносӣ дар мавриди тағйири ин ҷаласа ба рӯзи дигар гузошта шуд.
Аббос Ироқчӣ баъди поён ёфтани давраи дувуми музокирот онро “созанда” ва “пешрафткунанда” арзёбӣ карда буд. Доналд Трамп, президенти Амрико низ аз раванди музокирот изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Аббос Ироқчӣ айни замон бо як паёми президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ба Пекин сафар кард ва рӯзи чоршанбе изҳор дошт, ки “Агар ҷониби амрикоӣ ба равиши созанда идома диҳад ва аз талаботи ғайривоқеӣ ва номумкин худдорӣ намояд, мутмаин ҳастам, ки метавон ба як тафоҳуми олӣ ноил шуд”.
Ӯ ҳамчунин, бар нақши калидии Чин дар раванди тафоҳум бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо ин кишвар баъди лағви таҳримҳо таъкид намуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”