Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп Зеленскийро ба “халал расондан дар раванди сулҳ” муттаҳам кард
Доналд Трамп, президенти Амрико Владимир Зеленский, президенти Украинаро барои мухолифат ба вогузории нимҷазираи Қрим ба хоки Русия ба халал расонидан дар раванди музокироти сулҳ муттаҳам кард.
Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” навишт, ки тафоҳум барои поён додани ҷанги Украина “хеле наздик аст, вале рад намудани шароити пешниҳодии Амрико аз сӯйи Зеленский метавонад боиси тӯл кашидани ҷанг” шавад.
Қаблан муовини президенти Амрико Джеймс Дэвид Вэнс зимни ишора ба мавқеи Амрико дар хусуси созиши сулҳ дар ҷанги Украина гуфта буд, ки хати сарҳад миёни ду кишвар бар асоси қаламравҳои зери назорат мушаххас карда шавад.
Федератсияи Русия дар соли 2014 қаламрави Қримро ба хоки худ ҳамроҳ намуда буд.
“Ҳар ду бояд бахше аз қаламраверо, ки феълан дар ихтиёр доранд, вогузор намоянд” – таъкид кард Джеймс Дэвид Вэнс.
Владмир Зеленский як рӯз қабл изҳорот дод, ки дар хусуси вогузории қаламрави Қрим бо Русия музокира нахоҳад кард.
Вақте хабарнигорон аз Доналд Трамп дар Кохи Сафед пурсиданд, ки оё қабул мекунад, ки Қрим дар ихтиёри Русия бошад, гуфта буд, ки фақат мехоҳад ҷанг зудтар ба поён расад.
Владимир Путин чанде қабл омодагии худро барои гуфтугӯи мустақим бо Украина барои поёни ҷанг эълон кард. Баъди чандин сол бори нахуст аст, ки президенти Русия музокироти мустақим бо Украина сухан мегӯяд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”