Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар заминларзаи Истанбул осеб надидаанд
Консулгарии Ӯзбекистон дар шаҳри Истанбул эълон кард, ки осеб дидани шаҳрвандони ин кишвар дар заминларзаи ахири Туркия ба қайд гирифт нашудааст.
Тибқи иттилои расонаҳо 151 нафар бар асари паридан аз хонаҳояшон ҷароҳат бардоштаанд.
“Намояндагони дипломатӣ бо хадамоти маҳаллӣ дар иртибот қарор дорад ва вазъиятро зери назорат доранд”- хабар медиҳад Консулгарии Ӯзбекистон.
Бар асоси маълумоти Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Туркия заминларзаи шиддаташ 6,2 рӯзи чоршанбе дар минтақаи Силиври вилояти Истанбул ба вуқуъ пайваст. Маркази заминларза дар обҳои баҳри Мармаро, тақрибан 40 км ҷанубу ғарбтар аз маркази шаҳр ҷойгир шудааст.
Заминларза дар ҳамаи ноҳияҳои Истанбул ва вилоятҳои ҳамсоя, аз ҷумла Измир эҳсос шудааст. Бисёре аз сокинон биноҳоро тарк намуда, ба ҷойҳои кушод рафтаанд.
Мақомоти Истанбул гуфтаанд, ки харобиҳои ҷиддӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале 151 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки дар ҳолати тарс ва шитоб аз хонаҳояшон ҷаҳидаанд. Хатар ҷони онҳоро таҳдид намекунад. Дар ноҳияи Фотеҳ як бино фурӯ рафтааст ва талафот ба қайд гирифта нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”