Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Чин дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ ба Амрико наздиктар мешавад
Бино ба гузориши тозаи Донишгоҳи Стэнфорд зери унвони «Нишондиҳандаи зеҳни сунъии 2025», Чин дар соҳаи рушди моделҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ ба Иёлоти Муттаҳида хеле наздик шудааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, дар соли 2024 фарқи қобили мулоҳизае байни моделҳои зеҳни сунъии тавлидшуда дар ду кишвар боқӣ намондааст.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки Чин дар бахшҳои нашри илмӣ ва сабти ихтироот дар мавзӯи зеҳни сунъӣ пешсаф мебошад. Ин дар ҳолест, ки ИМА талош дорад, дастрасии Чинро барои истеҳсоли зеҳни сунъии муосир маҳдуд созад.
Бо вуҷуди таҳримҳо бар зидди воридоти микрочипҳо, муҳаққиқони чинӣ роҳи гузар аз маҳдудиятҳоро ёфтаанд ва дар сохтани моделҳои зеҳни сунъии ҳамрадифи инсон кӯшиш доранд. Модели "V3" аз ширкати DeepSeek, ки дар моҳи декабри соли 2024 муаррифӣ шуд, таваҷҷуҳи васеъро ҷалб кард. Ин модел бо истифода аз захираҳои камтар, натиҷаҳои аҷоиб нишон додааст.
Ҳамзамон, дар гузориш омадааст, ки дар ИМА сармоягузории бахши хусусӣ ба соҳаи зеҳни сунъӣ дар соли гузашта 109,1 миллиард долларро ташкил дода, 12 баробар бештар аз Чин будааст. Бо вуҷуди ин, суръати рушди Чин дар истифодаи иқтидори компютерӣ барои омӯзиши моделҳои забонӣ аз соли 2021 то ҳол бо суръати се баробар дар сол идома дорад.
Гузориш ҳамчунин, ба хатари афзоиши истифодаи ғайриахлоқии зеҳни сунъӣ дар соли 2024 ишора мекунад. Ҳодисаҳоеро мисли марги инсон бар асари мошини худгард ва боздоштҳои иштибоҳӣ бо истифода аз системаи шиносоии чеҳра аз ҷумлаи пайомадҳои нигаронкунанда меноманд. Дар як мавриди фоҷиавӣ, як навраси 14-сола пас аз муоширати тӯлонӣ бо чатботи зеҳни сунъӣ худкушӣ кардааст.
Муаллифон таъкид мекунанд, ки дар ҳолати набуди низоми мушаххаси назорат, ин гуна технологияи пешрафта метавонад ба ҷои кумак, рафтори зарароварро ташвиқ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”