Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қазоқистон дар раддабандии рақобатпазирии рақамии ҷаҳонӣ ҷойи 34-умро гирифт
Қазоқистон мавқеи худро дар раддабандии байналмилалии рақобатпазирии рақамии “IMD World Digital Competitiveness 2024” устувор кард ва миёни 67 кишвар мақоми 34-умро соҳиб шуд. Дар ин бора расонаҳои қазоқистон бо истинод ба Маркази байналмилалии рушди идоракунӣ (IMD) хабар медиҳанд.
Ин раддабандӣ нишон медиҳад, ки кишварҳо то куҷо ба таври муассир технологияи рақамиро барои таҳкими иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ татбиқ мекунанд.
Тибқи гузориш, Қазоқистон дар бахши “Дониш ва захираҳои инсонӣ” дар ҷойи 33-юм қарор дорад. Ин бахш чунин меъёрҳоро дар бар мегирад: сатҳи малакаҳои рақамӣ, омодасозии мутахассисон ва рушди илм.
Ин натиҷа гувоҳи он аст, ки Қазоқистон дар рушди иқтидори рақамӣ, баланд бардоштани сифати кадрҳо ва такя ба илм дар марҳилаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва рақобат дар бозори ҷаҳонӣ, пешравии назаррас доштааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”