27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
23.04.2025 17:13

Дар мароси бузургдошти Саъдӣ: “Барои мо эрониҳо беҳтарин ва наздиктарин кишвар Тоҷикистон аст”

Маросими солрӯзи бузургдошти шоири номдор, шайх Саъдӣ Шерозӣ аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо барномаи адабӣ баргузор гашт. Дар ин маҳфил олимон, эҷодкорон, пажӯҳишгарони риштаи адабиёт, санъаткорон ва рӯзноманигорони Тоҷикистон иштирок намуданд. Шоир ва пажӯҳишгари адабиёт Абдуҷаббор Кокоӣ, адабиётшинос ва устоди донишгоҳ Исмоил Аминӣ ва адабиётшинос ва ҳамсари шоири номдор Қайсари Аминпур - Зебо Ишроқӣ аз Эрон меҳмонони вижаи маросим буданд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён маҳфилро оғоз намуд ва дар идома шоири халқии Тоҷикистон устод Гулрухсор Сафиева зимни суханронии худ, аз ҷумла чунин ёдовар шуд: “Дар бораи Саъдӣ сухан гуфтан ин дар бораи аҳли башар сухан гуфтан аст.”

Маҳфил бо таҳлили ашъори шайх Саъдии Шерозӣ, фасоҳату балоғати сухани ӯ ва ҷойгоҳи баргузидаи ин шоири бузург  дар адабиёти форс-тоҷик аз ҷониби Абдуҷаббор Кокоӣ, Исмоил Аминӣ ва Зебо Ишроқӣ идома ёфт.

Дар фарҷоми маҳфил аз Абдуҷаббор Кокоӣ, шоир, пажӯҳишгар ва устоди донишгоҳ чанд саволе пурсидем, ки посухҳоро пешниҳоди шумо мегардонем.   

Сарзамини ниёкон

- Сафари қаблиам ба Тоҷикистон тахминан ҳудуди 10 сол пеш иттифоқ афтода буд. Мушоҳидоям дар ин сафар Хуҷанду Душанбе буд ва дар он бо як зумра шоирон, аз ҷумла Фарзонаи Хуҷандӣ ва Гулрухсор суҳбатҳои гарму дилнишин доштам. Дар он сафар, ҳамчунин, бо Муҳаммадалии Аҷамӣ ошноӣ пайдо кардам (Худованд раҳматашон кунад). Ба ҳар ҳол аз шахсияти бузурге мисли Садриддини Айнӣ ва дигарон аз тариқи мақолаҳои доктор Шафиӣ ошно будам. Дар маҷмуъ Тоҷикистонро сарзамини ниёкони худам тасаввур мекунам, ки ин нуктаро дар сафарномаҳоям низ ишора кардаам. Ростӣ, сафарҳои зиёде ба нукоти зиёди ҷаҳон доштам ва дар ин миён Тоҷикистон ҳам аз ҷиҳати ҳаловат ва мусиқии зебои забони форсӣ, ки ин ҷо ҷараён дорад ва ҳам барои алоқаи беназири мардуми Тоҷикистон ба бузургони шеъри форсӣ, минҷумла Фирдасвӣ ва Рӯдакӣ ҷойгоҳи хосе дорад.

Саъдӣ ва омӯзаҳои ахлоқии “Бӯстон” ва “Гулистон”-и ӯ

- Сухани имрӯзам роҷеъ ба Саъдӣ дар хусуси вижагиҳои забони ӯ, ки яке аз муъҷизаҳои каломи ин андешаманди таърих аст, яъне тавассули балоҳати адабӣ ва кинояву маҷозу ташбеҳу тахайюли ӯ буд. Саъдӣ тавониста фақат бо чиниши зебои калимот ва баҳрагирӣ аз таҷрибааш дар шинохти табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ дар сафарҳои тӯлониаш ва ҳунараш, ки ҳунари вазъ буда (мисли Мавлоно) омӯзаҳои ахлоқиро дар ду китоби арзишманд “Бӯстон” ва “Гулистон” ба зеботарин ваҷҳи мумкин ба тавре, ки ҳар ҷумлааш ва ҳар суханаш ирсоли масал шуда ва баёни ҳикматомез ва нуктаи поёне бар тамоми мавоизи дигар, ҷойгоҳи хосе пайдо кунад. Ба ҳар ҳол дар фановарии Саъдӣ мо метавонем бо омӯхтани даврони зиндагии ӯ, ки дар он султаи муғулҳо ва ҷойнишинҳои онҳо - салҷӯқиҳо буданд, таҳлилҳо анҷом бидиҳем.  

Дар маҷмуъ банда ба ду шахсият дар шеъри форсӣ беш аз бақия алоқа дорам, ки яке Мавлоно ва дигаре Саъдист. Ба ҳамин ҷиҳат, дар Теҳрон ҳам ба кори тадриси Мавлоно ва шарҳи “Маснавии маънавӣ” машғулам ва ҳам ба тадриси “Бӯстон” ва “Гулистон”.

Чароғи “Бӯстон”-и Саъдӣ

- Таҳаввули ҷаҳон ва иттифоқоте, ки дар ҷаҳони мавсум ба тавсия рух медиҳад, дар мувоҷеҳ бо ҷаҳони суннат омӯзаҳои ахлоқиро дигаргун кардааст, аммо ҳамчунон, чароғи “Бӯстон”-и Саъдӣ ҳамеша рӯшан аст. Худи Саъдӣ Шерозӣ шореҳи сухани худаш аст. Ӯ метавонад дар сурати таваҷҷуҳи бештари аҳолии фарҳангӣ ба мо эҳёкунандаи суннатҳои ахлоқии ҷомеа бошад. Чунки мешавад гуфт, ки имрӯз равоншиносии Ғарб ба Саъдӣ такя мекунад ва воқеан, андешаи ӯ дар беҳбуди вазъияти ҷаҳон муассир аст. Риояти ахлоқ, дурӯғ нагуфтан, хайрхоҳӣ барои дигарон ва ғайра, яъне тақрибан тамоми усуле, ки ҳама муътариф ва ҷузъи пояҳои низоми мардумӣ дар сухан аст, дар сухани Саъдӣ омадааст. Пас агар ба Саъдӣ бештар аз пеш таваҷҷуҳ кунем ба вижа ба ду асари гаронқадраш – “Гулистон” ва “Бӯстон” дар хоҳем ёфт, ки мо яке аз мабонии арзишии дар воқеъ ахлоқи башариро ба ихтиёр дорем.

Омезиши забони Саъдӣ

- Саъдӣ мешавад гуфт, ки марбут ба ғарби Хилофати Исломӣ аст. Яъне агар мо ду ҳавзаи Шарқро ба ҳисоб биоварем (яъне Мовароуннаҳр ва Хуросонро) то Сиистон Саъдӣ аз зумраи суханварони форсӣ аст. Маъмулан он тавре, ки муътақидон мегӯянд дар ҳавзаи ғарби Хилофати Исломӣ, ки Саъдӣ дар он минтақа буда, омезиши забони форсӣ бо арабӣ бештар иттифоқ афтодааст. Ба ҳамин ҷиҳат забон ба навъе равонтар шудааст, ки дилнишин гаштааст. Забон бо пазириши луғоти ҷадид равонтар мешавад. Он тарзе, ки Саъдӣ дар суханофаринӣ овардааст ба навъи бештар дилҳоро шод мекунад ва зеҳну завқи ҳамагонро ҷазб менамояд. Ба вижа тасаллути Саъдӣ ба забони арабӣ ва хирад дар маҷмуъ ҳамаи инҳо боис шудааст, ки мо суханварии Саъдиро дар мабнои густариши ҳавзаи вожагон бидонем.

Беҳтарин ва наздиктарин кишвар

- Тасаввур мекунам барои мо эрониҳо беҳтарин ва наздиктарин кишвар ин Тоҷикистон аст. Тоҷикистон ҳам пешинааш, ҳам таърихаш ва ҳам вазъияте, ки дар забон дорад, метавонад дар таваҷҷуҳи мо – эрониҳо бошад. Бахусус, робитаи Эрон дар солҳои ахир бо Тоҷикистон аз ҷиҳати сиёсӣ ҳам рӯ ба беҳбуд рафтааст, ки он муҳим аст. Умедворам, ки ин пайвастагӣ ҷовидона бошад ва дар арсаҳои гуногуне иттифоқ биафтад.

Хусусан робитаи адабӣ-фарҳангии мо бояд густариш пайдо кунад.  Аммо мутаассифона, аз он ғафлат шудааст. Ройзанҳои фарҳангии кишварҳо бояд густариш пайдо кунанд. Дар маҷмуъ хуб аст, ки омилҳое барои бедор шудану ба ҳам омадани ин ду фарҳанг сурат бигиранд. Яъне бо камранг шудани фосила ҳамчунон ин пайванди фарҳагӣ барқарор бишавад. Дар ин замина мехоҳам бигӯям, ки масалан ман мутаассифона, бо ҷараёни шеъри рӯзи Тоҷикистон камтар ошно ҳастам. Аммо бо эҷодиёти Фарзонаи Хуҷандӣ пурра огоҳ ҳастам. Дар сухани хонум Фарзонаи Хуҷандӣ суханварии тавонотаре мебинам. Аз шоирони ҷавон мисли Рустами Аҷамӣ тасаллуташро дар забон ва суханварӣ дидам. Умедворам, ки Тоҷикистон ва шоирони ин сарзамини бузургро бо барқарор шудани муносибатҳо бештару беҳтар мешиносам.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.