Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳамлаи маргбори террористӣ ба Кашмир сафари Модӣ ба Арабистони Саудиро нотамом гузошт
Баъд аз ҳамлаи маргбор ба сайёҳон дар Кашмири зери назорати Ҳиндустон, Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон, сафараш ба Арабистони Саудиро нотамом гузошта, ба Деҳлӣ баргашт. Сарвазири Ҳиндустон ин ҳамларо, ки сайёҳони хориҷиро ҳадаф қарор додааст, шадидан маҳкум карда, таъкид намуд, ки омилони он ба зудӣ шиносоӣ шуда, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар як изҳорот аз ҳамлаи маргбори рӯзи сешанбе дар минтақаи Кашмири таҳти назорати Ҳиндустон изҳори нигаронӣ намуд. Шафқат Алихон, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон, бе он ки ин ҳамларо террористӣ номад, онро маҳкум карда, ба хонаводаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.
“Мо нисбат ба ҳалокати сайёҳон дар пайи як ҳамла дар ноҳияи Амонатнаг, воқеъ дар Ҷому ва Кашмири зери назорати ғайриқонунии Ҳиндустон изҳори нигаронӣ мекунем”, — зикр шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Покистон.
Нашри чунин изҳорот аз ҷониби як ниҳоди расмии Покистон дар ҳолест, ки Ҳиндустон ҳамеша Исломободро ба пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Кашмир муттаҳам мекунад, ҳарчанд Покистон ин иттиҳомотро пайваста рад намудааст.
Нарендра Модӣ сафараш ба Арабистони Саудиро нотамом гузошта, ба Деҳлӣ баргаштааст.
Ин ҳамла рӯзи сешанбе, 21-уми апрел дар минтақаи Паҳалгам ба вуқуъ пайвастааст.
Паҳалгам, ки тақрибан 90 километр дуртар аз шаҳри Сринагар ҷойгир аст, як макони маъруфи сайёҳӣ дар минтақаи асосан мусулмоннишини Кашмир мебошад ва ҳар сол ҳазорон сайёҳро дар мавсими тобистон ба худ ҷалб мекунад.
Як гурӯҳи нисбатан камшумори мусаллаҳ бо номи “Муқовимати Кашмир” дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ аз он изҳори норозигӣ кардааст, ки беш аз 85 ҳазор шахси хориҷӣ дар ин минтақа маскан гирифта, боиси “тағйири сохтори демографӣ”-и он шудаанд.
Ба гуфтаи ҳукумати маҳаллии Ҷому ва Кашмир, дар ду соли охир ба тақрибан 84 ҳазор шаҳрванди ғайримаҳаллии Ҳиндустон иҷозаи иқомат дар ин қаламрав дода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”