Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Фолбинзани 65-соларо барои фолбинӣ ва сеҳргарӣ ҷарима карданд
Полиси шаҳри Душанбе як зани 65-соларо ба иттиҳоми ҷодугарӣ ва фолбинӣ боздошт намуда, ҷарима кардааст.
Тибқи иттилоъ, муовини минтақавии Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як зани 65-солаи пойтахт – Шокирова Зикамоҳро боздошт кард, ки аз роҳи кортҳо фолбинӣ намуда, фоидаи молиявӣ ба даст меовард. Дар ин хусус Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.
Нисбати боздоштшуда бар асоси моддаи 482-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, парванда ба суд ирсол карда шуд.
Нисбати гумонбар ҷаримаи маъмурӣ ба андоззаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъмин карда шуд, ки маблағи он шаш ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳодисаи боздошти фолбинзани 65-сола бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масъалаи мубориза бо фаъолияти ғайриқонунии фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷалб кард, зеро он метавонад боиси оқибатҳои манфии иҷтимоӣ гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”