Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вакилони қирғиз санаи баргузории интихоботи президентиро тағйир доданд
Вакилони “Жогорку Кенеш”-и Ҷумҳурии Қирғизистон тағйири қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи президентии Ҷумҳурии Қирғизистон” –ро қабул карданд, ки бар асоси он санаи баргузории интихоботи нави президентӣ мушаххас мешавад.
Тинчтик Шайназаров, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Қирғизистон лоиҳаи қонуни навро муаррифӣ кард. Ин лоиҳаи қонун бо ҳадафи мутобиқсозии қисми 1-и моддаи 48-и Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон ва мушаххас намудани муҳлати баргузории интихоботи навбатии президентӣ таҳия гардидааст.
“Тавре маълум аст, 10-уми январи соли 2021 интихоботи ғайринавбатии президентӣ бургузор шуд. Мувофиқи қонуни мавҷуда интихоботи навбатии президент бояд дар рӯзи якшанбе –сеюми моҳи октябр, дар соли анҷоми ваколати ӯ баргузор гардад. Аммо таъйини интихоботи президент дар ин сана метавонад боиси нақзи муҳлати шашсолаи президенти амалкунанда гардад” – гуфт раиси КМИР.
Ӯ афзуд, ки интихоботи навбатии президент бояд рӯзи якшанбе – чоруми моҳи январ дар соли ба анҷом расидани ваколати президент, яъне 24-уми январи соли 2027 доир шавад. Интихобот бояд чор моҳ қабл аз баргузориаш расман эълон шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”