Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Халилзод: “Покистон бо баҳонаи депорти муҳоҷирон “ДОИШ”-ро ба Афғонистон мефиристад”
Зулмай Халилзод сафири пешини Амрико дар Кобул ва намояндаи махсуси Доналд Трамп дар умури Афғонистон гуфт, ки Покистон эҳтимолан ба баҳонаи ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ДОИШ-ро ба Афғонистон мефиристад.
Ӯ бо изҳори нигаронӣ аз раванди ихроҷи муҳоҷирони афғон аз сӯйи Покистон ҳушдор дод, ки эҳтимол ниҳодҳои покистонӣ аз ин раванд барои интиқоли ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии ДОИШ ба Афғонистон истифода баранд.
“Шахсони огоҳ мегӯянд, нигарони онан, ки шояд ниҳодҳои Покистон аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ ҳамчун пӯшиш барои фиристодани террористони ДОИШ ба Афғонистон истифода баранд. Ман низ ин нигарониро дорам” - навишт дар саҳифаи худ дар шабакат иҷтимоии “Х” Зулмай Халилзод.
Изҳороти Доналд Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки дар беш аз сеюним соли ҳокимияти Толибон дар Афғонистон гурӯҳи ДОИШ масъулияти як қатор ҳамлаҳои хунинро бар уҳда гирифтааст.
Қаблан мақомоти покистонӣ гуфта буданд, ки Толибон дар фурӯ нишондани фаъолиятҳои ДОИШ ноком мондаанд.
Мунир Акрамӣ, намояндаи Покистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи марти соли 2025 бо таъкид ба афзоиши таҳдидҳои террористӣ аз қаламрави Афғонистон гуфт, ки Толибон дар муқобила бо ДОИШ муваффақ набуданд ва дар ҳамлаҳои Таҳрики Толибони Покистон ба қаламрави Покистон даст доштанд. Ӯ аз Шурои амнияти СММ хост, ки ба таҳдидҳои террористӣ дар Афғонистон расидагӣ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад