Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон дар ду соли оянда 2983 микро-неругоҳи барқи обӣ месозад
Бо мақсади таъмин намудани талаботи рӯзафзуни кишвар бо сарчашмаҳои энергетикӣ ҳамасола як қатор ташаббусҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Дар натиҷаи ин чораҳо дар панҷ соли охир истеҳсоли неруи барқ 30% афзоиш ёфта, ба 81,5 миллиард киловатт-соат расид.
Бар асоси пешгӯиҳо то соли 2035 истеъмоли неруи барқ дар Ӯзбекистон ба 121 миллиард киловатт –соат хоҳад расид. Аз ин хотир, имрӯз тадбирҳо барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи энергетика рӯи даст гирифта шудаанд. То соли 2030 дар нақша аст, ки ҳиссаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия дар истеҳсоли умумӣ ба 54% расонида шавад.
Яке аз самтҳои афзалиятҳои соҳаи энергетикаи Ӯзбекистон энегетикаи атомӣ шумурда мешавад.
Дар нақша аст, ки дар соли 2025 – 2026 бунёди 2983 микро-неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 167 мегаватт ба нақша гирифта шудааст. Ин иншоот имкон медиҳад, ки ҳамасола 500 миллион киловатт-соат неруи барқи экологии тоза истеҳсолшуда, 151 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа гардад.
Дар давраи бунёди неругоҳ 1200 нафар бо ҷои кор таъмин шуда, баъди истифодаи иншоот 520 корманд бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.
Вазири энергетика дар хусуси лоиҳаҳое, ки барои соли 2025 ба нақша гирифта шудаанд, гузориш дод. Имсол интизор меравад 1185 микро –неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 65 мегаватт ба истифода дода шаванд, ки қисми зиёди онҳо бо иштироки бахши хусусӣ сохта мешаванд.
Дар миёни самтҳои стратегӣ рушди энергетикаи атомӣ низ қайд карда шудааст. Ҳоло корҳо барои бунёди неругоҳи атомии камиқтидор идома доранд. Ҳама марҳилаҳо, аз тарҳрезӣ то ба кор андохтан зери назорати Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи амниятӣ анҷом хоҳанд шуд.
Роҳбари агентии “Узатом” дар хусуси созишномаҳои бадастомада, раванди музокирот ва марҳилаи амалӣ намудани созишномаҳо иттилоъ дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”