27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Сериали маҳбуби “Пойтахт” бидуни сафар ба Тоҷикистон ва поёни моҷарои хонаводаи тоҷик ба анҷом расид
Сериали маҳбуби эронии “Пойтахт” бидуни сафар ба Тоҷикистон ва хотима ёфтани моҷарои оилаи тоҷик ба анҷом расид. Сарнавишти як хонаводаи тоҷик дар ду қисмати сериали “Пойтахт” намоиш дода шуд ва дар он бозингарони саршиноси тоҷик нақш офариданд.
Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки таҳиягарони сериал ҳадафи сафар ба Тоҷикистонро доштанд ва мехостанд қисматҳои поёнии сариал бо ҳузури хонаводаи тоҷик дар Тоҷикистон сабт шавад. Аммо бо сабабҳои номаълум нақши сабти қисматҳои поёнии сериал дар Тоҷикистон амалӣ нашуд ва коргардон тасмим гирифт, ки сериалро ба анҷом расонад.
Сериали “Пойтахт” бояд аз 26 қисмат ва бо сафар ба Тоҷикистон ба анҷом мерасид. Дар қисматҳои 22 ва бо ҳалли фаврии моҷарои Шаҳобсанг сериал ба анҷом расид. Ин хотимаёбии ғайриинтизор дар ҳоле рӯх дод, ки бисёре аз сужаҳои достонии сериал, аз ҷумла моҷарои оилаи тоҷикӣ ва зери пайгард қарор гирифтани он нотамом монд ва суолҳои зиёдеро барои тамошобинон ба вуҷуд овард.
Сериали “Пойтахт” яке аз маъруфтарин ва сербинандатарин сериалҳои телевизиони Эрон буд, ки дар шаш фасл сохта шудааст. Муҳсин Тобанда, Аҳмад Меҳрофар, Меҳрон Аҳмадӣ ва Римо Ромин иҷрогарони нақшҳои асосии сериал мебошанд, ки ба воситаи иҷрои нақш дар сериал бисёр машҳур ва маҳбуб шудаанд. Фасли ҷадиди сериали “Пойтахт” дар моҳи гузашта пахш шуда буд.
Дар сериали “Пойтахт” чор бозингари тоҷик – Қурбон Собир, Таҳмина Раҷабова, Моҳпайкар Ёрова ва Манучеҳр Ҳабибов нақш бозӣ намудаанд. Ҳузури як хонаводаи тоҷик бо нақшофарии ҳунармандони тоҷик мавриди истиқболи густурдаи тамошобинони эронӣ қарор гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”