Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар ҳамлаҳои дурӯзаи Исроил ба Ғазза 92 нафар кушта ва 219 нафар захмӣ шудаанд
Вазорати тандурустии Ғазза эълон кард, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои шадиди ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза дар ду рӯзи ахир ҳадди аққал 92 фаластинӣ ба ҳалокат расида, 219 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Вазорати тандурустии Ғазза рӯзи шанбе, 19-уми апрел аз ҳамлаи шабона ба хаймаҳои паноҳандагон дар Хонюнус хабар дод, ки боиси ҳалокати чандин кӯдак гардидааст.
Ин бомбаборонҳо дар ҳоле шиддат меёбанд, ки Исроил 6 ҳафта боз муҳосираи шадидро бар Навори Ғазза таҳмил карда, воридоти кумакҳои башардӯстона, маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба ин минтақаро масдуд кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи байналмилалии адлия чанде қабл амр дода буд, ки Исроил бояд иҷозаи ворид шудани кумакҳои башардӯстонаро диҳад. Бо вуҷуди ин, ин хостаҳои ҷаҳонӣ то ҳол нодида гирифта шудааст.
Созмонҳои кумакрасон ҳушдор додаанд, ки вазъи ғизоӣ дар Ғазза буҳронӣ аст. Башира Халилӣ, масъули созмони Оксфам гуфт: “Кӯдакон рӯзона камтар аз як маротиба ғизо мехӯранд ва норасоии ғизо ва гуруснагӣ ба таври ошкоро эҳсос мешавад”.
Артиши Исроил баъди созиши муваққатӣ амалиёти низомии худро аз сар гирифта ва эълон кардааст, ки мехоҳад амалиётро рушд диҳад ва “минтақаҳои амниятӣ” –ро дар саросари Ғазза таъсис диҳад.
Вазорати тандурустии Ғазза гуфт, ки аз оғози ҷанг то ҳол беш аз 51 ҳазору 65 нафар кушта ва беш аз 116 ҳазору 500 нафар маҷруҳ шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”