27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
22.04.2025 08:29

"Парасту-2025". Беҳтаринҳо муайян шуданд

21-уми апрел дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ - "Парасту" доир гашт.

Шоҳҷоизаи озмуни мазкурро Театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои намоиши "Достони Сиёвуш” ба даст овард.

Ҳамин тариқ, Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши "Ял" сазовори ҷойи якум, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ - драмавии ноҳияи Данғара барои намоиши "Ривояти суғдӣ" сазовори ҷойи дуюм ва Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Т. Фозилови шаҳри Конибодом барои намоиши "Бозгашт" сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ҳамчунин, Тоҳир Меликов аз Театри ӯзбекии драмавӣ - мусиқии ба номи Бурҳонови ноҳияи Спитамен - ҷоизаи беҳтарин нақши эпизодӣ, Фарангис Саидзода барои нақши Томирис дар намоиши "Куруши Кабир"-и Театри опера ва балет - ҷоизаи беҳтарин нақши балет, Рухшона Улфатова барои нақши Татяна дар намоиши "Сергей Есенин"-и Театри Аҳорун - ҷоизаи беҳтарин нақши занона, Хуршед Мустафоев барои намоиши “Пир во время чумы” аз Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский - ҷоизаи беҳтарин нақши мардона сазовор дониста шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 14-ум то 21-уми апрел Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ - "Парасту" бо иштироки 18 театри касбӣ баргузор гашт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.