27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
21.04.2025 15:01

Салиби Сурх: “Ғазза ҷаҳаннами рӯйи замин шуд”

Намояндагони Салиби Сурх бо пахши як изҳорот гуфтаанд, ки фоҷеаи башарӣ дар Ғазза даҳшатовар аст ва инҷо ҷаҳаннами рӯйи замин шуда, зиндагӣ дар он ғайриқобили тасаввур гардидааст.

“Ғазза ҷаҳаннами рӯйи замин аст. Мардуми он пайваста дар маърази марг қарор доранд, овора ва бе ҷо шудаанд ва таҷҳизоти мавриди ниёз дар рӯзҳои наздик тамом мешавад”- зикр шудааст дар изҳороти намояндагони Салиби Сурх.

Дар идомаи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи Исроил ва ҳушдорҳои пай дар пайи байналмилалӣ дар хусуси фурӯпошии низоми беҳдоштии Ғазза ва ба вуқуъ омадани бадтарин фоҷеаи башарии таърих Адриан Зиммерман, раиси ҳайати зеркумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Навори Ғазза ҳушдор дод, ки “Ғазза ба як муборизаи беохир барои зинда мондан табдил ёфтааст. Оилаҳо аз ҳам пошидаанд, азизонашон нопадид шудаанд, дар оворагии доимӣ ба сар мебаранд ва аз дастрасӣ ба ниёзҳои аввалия чун хӯрок, об, нигоҳубини тиббӣ ва паноҳгоҳ маҳрум ҳастанд. Мардуми Ғазза на эҳсоси амният доранд ва на умед. Онҳо ҳар рӯз таҳқирҳои шадиди инсониро эҳсос мекунанд”.

Адриан Зиммерман дар суҳбат бо телевизиони “Ал-Ҷазира” гуфт, гурӯҳҳои Салиби Сурх ва дигар созмонҳои кумакрасон шоҳиди талафоти дастаҷамъии зиёд шудаанд, ки нишонгари хароҷоти гарони ҷанг барои ғайринизомиён мебошад. Дастурҳои хуруҷ, ки артиши Исроил содир мекунад, боиси оворагии батакрори мардум шудааст. Онҳо дар зулмат ва воҳима борҳо маҷбур мешаванд ба роҳ бароянд, бидуни он ки бидонанд ба куҷо мераванд.

Ӯ афзуд, ки маҳдудиятҳои шадид дар дастрасӣ ба маҳсулоти зарурӣ ва фишори равонӣ идомаи ҳамлаҳо ба ғайринизомиёнро сахт латма задааст. Аз ибтидои моҳи март воридоти кумакҳои башардӯстона, ки роҳи наҷот мебошад, қатъ гардида, ин вазъро бадтар кардааст ва қобилияти созмонҳоро барои кумак коҳиш додааст.

“Бидуни боз шудани гузаргоҳҳо, барномаҳое мисли ошхонаҳои маҳаллии Салиби Сурх фақат чанд ҳафтаи дигар идома меёбанд. Ҳатто бемористони саҳроӣ низ бо мушкил кор мекунад ва таҷҳизоти тиббӣ дар остонаи ба итмом расидан аст. Мо пайваста таъкид мекунем, ки дастрасии фаврӣ ва бидуни монеа ба кумакҳои башардӯстона зарурӣ аст.” – мегӯяд Адриан Зиммерман

Ӯ дар идомаи гуфтугӯ ба шароити асирони фаластинӣ ишора карда, меафзояд, ки аз 7-уми октябри соли 2023 Исроил иҷозати боздиди Салиби Сурх аз зиндонҳоро боз доштааст.

“Мо талаб дорем, ки боздидҳои мунтазам аз асирон баргузор гардад. Дар ҳоли ҳозир тақрибан 14 400 нафар аз Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ нопадид шудаанд ва иттилое дар хусуси онҳо вуҷуд надорад” – меафзояд Адриан Зиммерман.

Ӯ дар хусуси вазъияти кумакрасонҳо дар Ғазза изҳори назар мекунад ва мегӯяд, ки ҳатто ҷони онҳо дар амон нест. Шароити кӯчонидани амн барои оворагон бисёр хатарнок мебошад. Бисёре аз онҳо маҷруҳ, бемор ва нотавонанд ва наметавонанд бо суръат худашонро кӯчонанд. Аз оғози ҷанг шумори бештари кормандони кумакрасон ва беҳдоштӣ ҷони худро аз даст доданд.

Ӯ аз куштани 15 нафар кумакрасон дар Ғазза ёдовар шуда, меафзояд, ки “ин воқеа моро сахт хашмгин кард”. Марги онҳо нишон медиҳад, ки Ғазза дар чӣ ҳолати талх қарор дорад, ҷое ки ҳеч кас дар амон нест.

Ӯ ҳушдор медиҳад, ки “Дастрасӣ ба протезаҳо ва таҷҳизоти ёрирасон барои ҳазорон нафаре, ки узви баданашон қатъ шудааст, ба як мушкили шадид табдил ёфтааст”.

Ба гузориши намояндаи Салиби Сурх аз октябри соли 2024 беш аз 3000 нафар, ки 20 дарсади онҳо кӯдак ҳастанд, барои дарёфти хидматрасонии тавонбахшӣ, ки кумитаи Салиби Сурх бо мушорикати созмонҳои имдодрасон дар Ғазза назорат мекунад, сабти ном кардаанд. Дар миёни сабтиномкунандагон 1867 нафар дучори осебҳо ҳастанд, ки боиси фалаҷи доимии онҳо шудааст.

Масъули кумитаи Салиби Сурх шарҳ дод, ки онҳо дар тӯли наздик ба 6 даҳа фаъолияти башардӯстона дар сарзамини ишғолии Фаластин ҳаргиз шоҳиди ин сатҳ аз фоҷеаи инсонӣ ва чунин вайрониҳои азим набудаанд: “Вазъият бисёр ваҳшатнок аст ва мо эҳсоси ноумедӣ мекунем ва проблемаҳои бузурге пеши рӯямон қарор доранд.

Даҳҳо ҳазор нафар дар Ғазза ба дармон ва хизматрасонии тиббии мунтазам ниёз доранд, аз ҷумла беморони саратонӣ, бемороне, ки дорои  нақзи эминӣ ҳастанд, беморони қалбӣ ва маҷруҳоне, ки осебҳои шадид дидаанд. Дар сояи баста будани гузаргоҳи Рафаҳ ҳам имкони интиқоли беморон ва маҷруҳон ба хориҷ аз Ғазза вуҷуд надорад” – мегӯяд намояндаи Салиби Сурх.

Дар поёни изҳорот ӯ чунин меафзояд: “Мо ҳамчунон тамосҳои фаврии бештар аз сӯи мардуми ваҳшатзада дарёфт мекунем, ки кумакҳои фаврӣ мехоҳанд ва ҳама ҷонибҳо вазифадор мебошанд, ки ҷони ғайринизомиёнро ҳифз кунанд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.