Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳаҷми содироти вилояти Суғд дар семоҳаи аввал ба 298 миллион доллар расид
Ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2025 дар вилояти Суғд нишон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ афзоиш ёфтаанд. Хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад, ки ин нукта дар маҷлиси корӣ дар толори калони мақомоти иҷроия бо роҳбарии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ба 8,4 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 33,3 фоиз зиёд мебошад. Дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ низ афзоиш ба назар мерасад. Истеҳсоли орд – 108, 7 ҳазор тонна (120%) ва равғани растанӣ – 2,3 ҳазор тонна (134%) афзоиш ёфтааст.
Таъкид гардид, ки дар бахши кишоварзӣ ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ба 1, 6 миллиард сомонӣ расид, ки 9, 3 фоизро ташкил медиҳад. Дар вилоят афзоиши истеҳсоли сабзавот (431, 2 тонна +6, 4%), гӯшт (22,2 ҳазор тонна, +17%), шир (81, 4 ҳазор тонна, + 3% ва тухм (2012, 9 миллион дона, +36, 4%) ба қайд гирифта шудааст.
Айни замон дар вилоят аз 172 990 гектари банақшагирифташуда 38 396 гектар замин кишт карда шудааст. Аз ҷумла, беш аз 59 ҳазор гектар бо пахта ва зиёда аз 18 ҳазор гектар бо картошка кишт шудааст. 209 гектар боғҳои нав бунёд ва 773 гектар боғу токзорҳо барқарор шудаанд.
Ҳаҷми мубодилоти хориҷии вилоят ба 920, 4 миллион доллари ИМА расида, 27 % афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми содирот 298, 5 миллион долларро ташкил дод, ки 52, 3 фоиз бештар аз сатҳи соли гузашта аст. Ҳаҷми воридот 93, 7 миллион доллар зиёд шуда, ба 621, 9 миллион доллар расидааст.
Ба иқтисодиёти вилоят 57, 8 миллион доллар сармоя ҷалб шуда, ки аз ин 35, 8 миллионаш сармояи хориҷӣ аст. Дар идомаи семоҳа иншоотҳое ба маблағи 274, 7 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифта, 37 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард ва 229 ҷои нави корӣ таъсис ёфтааст.
Қисми даромади асосии буҷети вилоят 104, 6 фоиз иҷро шуд, ба хазина 1 миллиард 457 миллион сомонӣ ворид шуд, ки 64, 5 миллион сомонӣ аз нақша бештар аст. Буҷети маҳаллӣ 7 фоиз зиёд шудааст. Иҷрои як қатор андозҳо аз 110 фоиз бештар аст, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда (106, 7%) ва боҷҳои аксизӣ (120%).
Дар маҷлиси раиси вилоят ҳамчунин, масъалаҳои рушди маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва самтҳои афзалиятноки дигар баррасӣ шуд. Дар анҷоми маҷлис ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас барои тақвияти суръати рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа дода шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”