27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
21.04.2025 11:04

Аббос Ироқӣ: “Фикр намекунам ба Эрон ҳамла кунанд”

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбат бо телевизиони “RT” (Russia Today)  ба шарҳи сиёсати феълии минтақа ва таҳдидҳои низомӣ пардохт. Ӯ бо таъкид ба аҳамияти хирад ва таҳаммул дар муқобила бо фишорҳои хориҷӣ гуфт, ки эҳтимоли амалӣ гардидани таҳдидҳои низомӣ дур аз воқеият аст.

Аббос Ироқчӣ, ки бо як сафари хориҷӣ ба Федератсияи Русия рафта буд, дар суҳбат бо хабарнигори “RT” гуфт: “Ман чунин эҳтимолро, ки таҳдидҳои низомӣ ба амал табдил ёбанд, ҷиддӣ намегирам. На аз сӯйи Исроил ва на аз сӯйи дигар кишварҳо. Ин таҳдидҳо беш аз он ки воқеӣ бошанд, як навъ ҷангҳои равонӣ ва фишори сиёсӣ ба шумор мераванд”.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, ки Эрон таҷрибаи кофӣ дар муқобила бо таҳдидҳоро дорад ва дар гузашта низ бо иродаи миллӣ ва хирадгароӣ тавониста буд, аз мушкилот гузашта фишорҳоро паси сар кунад.

“Фишорҳои сиёсии ахир идомаи сиёсати фишори ҳадди аксар аст, ки ҳанӯз дар давраи президенти пешини Амрико Доналд Трамп оғоз гардида буд. Аммо ҳоло маъмурияти ҷадид бо роҳбурди нармтар ва бо усули гуногун талош дорад Эронро зери фишор қарор диҳад. Ҳоло ба ҷои таҳримҳои умумӣ бештар аз таҳримҳои ҳадафманд ва фишорҳои ҷаҳонӣ истифода мешавад”.

Дар бахши дигари суҳбаташ Аббос Ироқчӣ гуфт, ки робита бо кишварҳои минтақа ва ҳамсоягон як роҳи муҳим ва муассир барои муқовимат бо фишорҳои байналмилалӣ аст.

“Бидуни шак тақвияти робитаҳои минтақавӣ ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя метавонад моро аз вобастагӣ ба Аврупо раҳо кунад ва заминаи сиёсати фаъол ва мустақилро фароҳам намояд. Иттиҳод ва иқтидори дохилӣ бояд меҳвари сиёсати хориҷии кишвар қарор гирад”- афзуд Аббос Ироқчӣ.

Аббос Ироқчӣ солҳои тӯлонӣ дар маркази сиёсати хориҷии Эрон қарор дошт ва нақши калидӣ дар музокираи созиши атомӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ  бозидааст, ки ҳамеша ба истифода аз дипломатия ва гуфтугӯ таъкид мекунад. Ӯ бо истифода аз таҷрибаи худ дар дипломатия чунин меафзояд:

“Дар ҳар шароите, ки агар ирода ва хирад дар маркази тасмимгирӣ қарор гирад, роҳ барои ҳалли мусолиматомези баҳсҳо боз хоҳад монд. Ҳамеша ҷанг охирин ва шикасти ҳама роҳҳо аст”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.