Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд телевизиони муштарак таъсис диҳанд
Кишварҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтаанд, ки телевизиони муштарак ва платформаи минтақавӣ таъсис диҳанд. Дар ин хусус расонаҳои қазоқистонӣ хабар медиҳанд.
Аида Балаева, вазири фаҳанг ва иттилооти Қазоқистон дар Форуми дувуми расонаии Осиёи Марказӣ гуфт, ки ин иқдом бо ҳадафи таҳким додани ҳамкорӣ ва тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва иттилоотӣ амалӣ мешавад.
Бар асоси гуфтаи ӯ, ин ташаббус ҳамзамон мубодилаи таҷриба, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва мубориза бо иттилооти фейкро дар бар мегирад.
Вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон таъкид намуд, ки муносибатҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шарофати ҳамкории фаъол ва муносибати олии роҳбарони кишварҳо ҳоло дар сатҳи баланд қарор дорад. Ӯ афзуд, ки масъалаи фаъол намудани ҳамкориҳои иттилоотӣ дар сатҳи роҳбарони минтақа чандин маротиба матраҳ гардид. Хусусан, дар мулоқоти машваратии Остона дар соли гузашта президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев пешниҳод кард, ки ҳукумати кишварҳо ба таҳияи маҳсулоти расонаии муштарак оғоз кунанд.
Ширкаткунандагони Форум иқдоми таъсиси телевизиони муштаракро дастгирӣ намуда, таъкид намуданд, ки он барои таҳкими фазои иттилоии кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муассир хоҳад дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”