27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:13, Душанбе
21.04.2025 10:44

Музокироти нокоми мақомоти исроилӣ бо Стив Уиткофф дар бораи Эрон

Расонаҳои исроилӣ бо нигаронӣ аз оғози музокироти Эрону Амрико навиштанд, ки раиси Созмони ҷосусии Исроил Девид Барнеа ва вазири корҳои стратегии ин кишвар барои тағйир додани стратегияи музокироти Стив Уиткофф, намояндаи хоси президенти Амрико Доналд Трамп ноком шудаанд.

Бар асоси навиштаи рӯзномаи “Ҷерузалим пост”, раиси Моссад ва вазири корҳои стратегии режими Исроил бо Стив Уиткофф рӯзи ҷумъа дар шаҳри Париж мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни мулоқот онҳо натавонистанд назари намояндаи Доналд Трампро барои стратегияи музокирот тағйир диҳанд.

Ин рӯзнома менависад, ки вокуниши хушбинонаи Эрон ба даври дуюми музокирот, худдорӣ кардани Амрико аз ифшои баъзе ҷузъиёти гуфтугӯҳо, мушаххас кардани даври сеюми музокирот барои ҳафтаи оянда ва дигар масъалаҳо нишон медиҳад, ки Барнеа ва Дермер дар тағйир додани назари Стив Уиткофф муваффақ нашудаанд.

Тибқи гузориши рӯзнома дар гузашта Барнеа ва роҳбарони пешини Моссад  - Юси Коэн, Тамир Пардо, Меир Даганр ва дигарон гоҳ-гоҳ бо пешниҳоди иттилоот ва иддаоҳои нав дар бораи Барномаи атомии Эрон талош мекарданд, ки мақомоти аршади амрикоиро дар лаҳзаҳои калидӣ боварманд созанд, то мавқеи худро тағйир диҳад. Мақомоти исроилӣ қаблан тавониста буданд, ки назари мақомоти амрикоиро барои шадидтар кардани ҷузъиёти музокироти Амрико бо Эрон тағйир диҳанд.

“Ҷерузалим пост” иддао кардааст, ки дар моҳи апрели соли 2021 интизор мерафт ҳукумати президенти пешини ИМА Ҷо Байден бо як созиши атомии нав ва сареъ бо Эрон розӣ шавад ва назари ҳайати исроилиро нодида гирад. Баъди музокироти шахсии Юси Коэн бо Ҷо Байден Амрико дар мавриди снетрфуружаҳои пешрафтаи Эрон ва дигар ҷузъиёти созишномаи атомии соли 2015 мавқеи шадидтареро пеш гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.