Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ҳоло Рустам ҳама чизро ба хотир надорад”. Дарвозабони тоҷик ҷароҳат бардошт
20-уми апрел дар доираи Лигаи олии Русия бошгоҳи “Ростов”, ки дарвозабони тоҷик Рустам Ятимов дар ҳайаташ аст, бо дастаи “Факел” рақобат намуд ва бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи “Ростов” ба анҷом расид.
Дар ин дидор, Рустам Ятимов ҷароҳати вазнин бардошта, дар дақиқаи 62-юм бо ёрии табибон аз майдон берун карда шуд.
Пас аз чанде мураббии дарвозабонҳои дастаи «Ростов» Виталий Кафанов дар бораи вазъи саломатии дарвозабон Рустам Ятимов чунин гуфт: “Айни замон дар бораи ҳолати Рустам Ятимов чизе дақиқ гуфтан душвор аст. Ӯ дар вақти бозӣ аз ҳуш рафт ва осеб дидани сараш воқеан ҷиддист. Аммо маълумоти дақиқтар дертар ба дастамон мерасад. Ҳоло Рустам ҳама чизро ба хотир намеорад”.
Дар ин росто, хабарнигори “РБ Спорт” Никина Спичак иттилоъ додааст, ки вазъи саломатии Рустам Ятимов хуб аст: “Чӣ хел худамро ҳис мекунам? Аҳволи ман хуб аст”, - овардааст аз забони дарвозабон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”