Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
210 тонна. Кумаки Суғд ба осебдидагони Рашт ва Тоҷикобод
Кумаки сокинони вилояти Суғд ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дар ҳаҷми 210 тонна бо 22 мошини калони боркаш ба минтақаҳои осебдида фиристода шуд.
Маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад, ки кумаки инсондӯстона ба минтақаҳои осебдида аз маводи гуногуни хӯрока, сару либос, лавозимоти зарурии рӯзгор ва маҳсулоти сохтмонӣ иборат аст.
Манбаъ меафзояд, мақсад аз ин иқдом, ки бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид, дастгирии моддӣ ва маънавии сокинони зарардида мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дар маҷмуъ 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоот зарар дидаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”