Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қазоқистон содироти партови металҳои сиёҳу рангаро манъ кард
Вазири саноат ва сохтмони Қазоқистон фармони навро зери унвони “Дар хусуси баъзе масъалаҳои танзими содироти лома ва партови металҳои сиёҳу ранга” 15-уми апрели соли 2025 имзо кард. Дар ин хусус расонаҳои қазоқистонӣ хабар медиҳанд.
Бар асоси ин фармон, ба муддати шаш моҳ манъи содироти намудҳои зерин аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон ба тариқи ҳама гуна воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешавад:
- партов ва ломи мис;
- партов ва ломи алюминий;
- партов ва ломи сурб;
- партов ва ломи батареияҳои сурбин, батареияҳои истифодашаванда;
- дигар партовҳое, ки дорои сурб ё симоб мебошанд;
- партовҳои бо навъи химиявӣ ҷудошуда, ки сурб ё симоб надоранд;
- партовҳои ҷудонашудаи бидуни сурб ё симоб;
- партов ва ломи металҳои сиёҳ;
- гиреҳҳои металҳои сиёҳ барои гудозиш;
- қубурҳо, релсҳо ва дигар унсурҳои роҳи оҳан ва таҷҳизоти истифодашуда.
Тибқи иттилоъ ин фармон аз 29-уми апрели соли 2025 амалӣ шуда, ҳукми қонунӣ мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”