27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
18.04.2025 16:14

Баҳси метро ва роҳи Панҷи поён дар мулоқоти сафири Корея ва Азим Иброҳим

Ҷон Сонг Шик, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон бо Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон мулоқот намуда, татбиқи лоиҳаи бунёди метро дар Душанберо муҳим хонд ва таъкид гардид, ки баъди ба итмом расидани марҳилаҳои асосноккунии техникию иқтисодии он дар амалӣ намудани марҳилаи баъдии он низ ширкат хоҳанд кард.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо натиҷаҳои кори муштаракро барои соли 2024 муҳокима карда, нақши рушди ҳамкориҳо барои соли 2025-ро муайян намуданд.

“Ҳамкории ду давлат, сарфи назар аз масофаи ҷуғрофӣ мунтазам рушд менамояд. Аз ҷумла, 1-уми июни соли 2024 миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати миллии роҳи оҳани Корея ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба имзо расид” – зикр шудааст дар иттилоия.

Тоҷикистон ва Корея ҳадаф гузоштанд, ки баъди амалӣ намудани стратегияи асосноккунии техникию иқтисодии бунёди қитаъи роҳи оҳани Ҷалолуддин Балхӣ – Панҷи поён ба асоснок намудани теникию иқтисодии сохтмони метро дар Душанбе оғоз кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.