Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тоҷикон дар миёни донорҳои зиндаи ҷигар ва гурдаи бемористонҳои Эрон
Дар миёни бархе шаҳрвандони кишварҳои фақир, ба мисли Сурия, Афғонистон, Ироқ, Лубнон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Туркманистон низ дар қатори донорҳои зиндаи пайванди узвҳои бадан – ҷигар ва гурдаи бемористонҳои Эрон қарор гирифтаанд.
Мудири бахши пайванди аъзои бадани Донишгоҳи тиббии Машҳад доктор Иброҳим Холиқӣ дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки 72 амалиёти пайванди гурдаву ҷигар аз ҷониби донорҳои зинда, дар соли гузашта, дар бемористон анҷом дода шуд. Ин омор дар муқоиса ба омори соли 2023 33 дарсад бештар аст.
Доктор Иброҳим Холиқӣ гуфт, ки дар соли гузашта 68 амалиёти пайванди гурда аз донорҳои зинда барои 26 бемори эронӣ ва 42 бемори ғайриэронӣ аз кишварҳои Ироқ, Афғонистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Сурия ва Лубнон дар бемористони Мунтасиряи Машҳад сурат гирифт.
“Ин дар ҳолест, ки дар соли 2023 51 мавриди пайванди гурда аз донорҳои зинда барои 28 бемори эронӣ ва 23 бемори ғайриэронӣ аз кишварҳои Ироқ, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Лубнон анҷом дода шуда буд” – гуфт Доктор Иброҳим Холиқӣ.
Иброҳим Холиқӣ афзуд, ки тибқи қонунҳои Эрон донор ва гирандаи узв бояд ҳамватан бошанд ва дар ин ҳол шахс метавонад аз як ҳамватани худ узв қабул кунад.
“Соли гузашта чор амалиёти пайванди ҷигар аз донорҳои зинда барои як бемори эронӣ ва се бемори ғайриэронӣ аз кишварҳои Ироқ ва Сурия анҷом дода шуд”- гуфт доктор Холиқӣ.
Дар ҷаҳон имрӯз кочоқи узви бадани инсон ба мушкили умда табдил шудааст. Дар бархе кишварҳо пайванди узвҳои бадан ба шаҳрвандони хориҷӣ мамнуъ аст. Ҳамчунин, дар аксари кишварҳои дунё қонунҳои сахтгирона барои пешгирӣ аз қочоқи аъзои бадани инсон қабул шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”