Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Табибони бидуни марз: Ғазза ба гуристони дастаҷамъӣ табдил шудааст
Созмони Табибони бидуни марз мегӯяд, ки баъди якуним соли ҷанг миёни Исроил ва Ҳамос Навори Ғазза ба як “қабри дастаҷамъӣ” табдил ёфтааст. Ин созмон рӯзи чоршанбе 16-уми апрел дар як изҳорот ин матлабро баён кард.
Аманде Безрол масъули ҳамоҳангкунандаи созмони Табибони бидуни марз гуфт, ки Ғазза ҳоло ба “қабри дастаҷамъии фаластиниҳо ва онҳое табдил шудааст, ки кӯшиш доштанд, ба онҳо кумак расонанд”.
“Мо дар ҳолати зинда тамошо дорем, ки чӣ гуна аҳолии кулли Ғаззаро нобуд ва иҷборан кӯч медиҳанд” – гуфтааст ӯ.
Масъули созмони мазкур гуфтааст, ки амалиётҳои башардӯстона дар Ғазза зери таъсири шадиди “ноамнии ҳамаҷониба ва камбуди шадиди сарчашмаҳои ҳаётан муҳим” қарор гирифтааст. Ӯ гуфт, сокинони Ғазза фақат ба ёрии тиббии маҳдуд дастрасӣ доранд.
Бар асоси гузоришҳо, борҳо наҷотбахшоне, ки кӯшиши кумак ба қурбониёни ҷангро доштанд, мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифтанд. Масалан, ду ҳафта қабл, Исроил 15 корманди Ҳилоли Аҳмари ва Созмони мудофеаи граждании Фаластинро дар ҷануби Ғазза ба қатл расонид.
Ин дар ҳолест, ки баъди оташбаси думоҳа Исроил ҳамлаҳои ҳавоии худро ба Ғазза дубора оғоз кард.
Дафтари ҳамоҳангсози кумакҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз оғози дубораи ҷанг дар Ғазза 1630 нафар кушта ва беш аз 400 ҳазор нафар овора шудаанд.
Исроил бо баҳонаи фишор ба Ҳамос барои раҳоии 58 гаравгони боқимонда, ки эҳтимол меравад 34 нафари онҳо дигар зинда набошанд, ҳамлаҳои худро идома медиҳад.
Тибқи омори Вазорати тандурустии Ғазза аз 7-уми октябри соли 2023 то 3-уми феврали соли 2025 61,709 нафар, аз ҷумла 17 492 кӯдак кушта, 111 588 нафар захмӣ ва 14 222 нафар бе ному нишон шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”