Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мубориза бар зидди малахи марокаширо оғоз намуданд
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон муборизаи муштарак бар зидди малахи марокаширо оғоз кардаанд, ки ба зироатҳои минтақа метавонад зарари ҷиддӣ расонад. Дар ин хусус, Хадамоти матбуоти Агентии карантини растаниҳои Ӯзбекистон хабар дод.
Дар изҳороти идораи мазкур таъкид мешавад, ки мутахассисони ду кишвар дар вилояти Сурхандарё, дар ҷануби Ӯзбекистон мулоқоти корӣ анҷом додаанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои моноторинг, мубодилаи иттилоот ва тадбирҳои ҳамоҳангшуда барои мубориза бо ҳуҷуми малахи марокашӣ дар минтақаҳои марзӣ баррасӣ гардид.
“Дар минтақаҳои наздисарҳадӣ малахи марокашии галлагӣ дар синни як ё ду сол мушоҳида гардид. Дар баъзе мавзеъҳо зичии ин ҳашароти зарарасон аз 500 сар дар як метри мураббаъ зиёд буд” – гуфта шудааст дар изҳорот.
Бар асоси натиҷаҳои музокирот ҷонибҳо дар хусуси анҷом додани коркарди кимёвии заминҳои сироятёфта ба созиш расиданд. Аз ҷумла, дар Ӯзбекистон 15,7 ҳазор гектар ва дар Тоҷикистон тақрибан 18 ҳазор гектар замин дорупошӣ карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад