Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
PIRLS 2026: Бори аввал озмоиши 1181 хонандаи синфи 4-ум дар Тоҷикистон
Тибқи иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми апрел то 1-уми май миёни хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат озмоиши маҳаллии Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан – PIRLS 2026 доир мегардад.
Бояд гуфт, ки PIRLS яке аз муҳимтарин таҳқиқоти ҷаҳонӣ оид ба сатҳи хониши хонандагони синфи 4 аст, ки дар он на танҳо малакаи хондан, балки қобилияти фаҳмидану дарки матн низ санҷида мешавад.
Бинобар иттилои мавҷуда, бори аввал аст, ки озмоиши мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад ва он дар байни 42 муассисаи таълимии 25 шаҳру ноҳияи интихобшуда бо иштироки 1181 хонандаи синфи 4-ум баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки ин озмоиш аз ду қисм иборат буда, дар он матнҳо, аз ҷумла ҳикоя, қисса, афсона ва матнҳои иттилоотию маърифатӣ истифода бурда мешаванд. Хонандагонро зарур аст, ки аз рӯйи матнҳои пешниҳодшуда қобилияташонро дар фаҳмидану дарки матн нишон диҳанд.
Зикр мегардад, ки бо мақсади дар сатҳи хуб баргузор намудани озмоиш аз ҳисоби кормандони соҳаи маориф баъд аз иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ 158 нафар масъул таъйин гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”