27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
18.04.2025 08:24

Гулноза: “То “Хусури ман” тамом нашавад, шавҳар намекунам”

Гулноза Хоҷаев, блогер ва ҳунарпешаи ҷавон меҳмони барномаи “Бонуи пурҳунар”-и Баҳриддини Сабур шуда, дар он дар баробари иҷрои шартҳои барнома, инчунин, дар бораи зиндагӣ ва корҳояш қисса кард.

Барномаи мазкур аз ҷумлаи он барномаҳоест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошобини зиёд дорад. Нашри охирашро дар як шабонарӯз наздики 200 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Дар “Бонуи пурҳунар” бонувони машҳури шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳр берун рафта, ба корҳои хоҷагӣ машғул мешаванд. Барои мисол, Гулноза Хоҷаева шартҳои ҳезумҷамъкунӣ, побелкунӣ, говдӯшӣ ва таппаккуниро иҷро мекунад. Ва тавре мушоҳида мегардад, ӯ аз уҳдаи шартҳо мебарояд.

Гулназа Хоҷаева чанд сол мешавад, ки ба ҳайси ровӣ дар Телевизиони “Баҳористон” фаъолият мекунад, аммо миёни мардум маҳз тавассути силсилафилми “Хусури ман” шинохта шуд, ки дар шабакаи Ютуб тамошобини зиёд дорад. 

Ӯ дар мавриди таъсири ин филм ба зиндагиаш чунин гуфт: “Хостгорҳоям хеле зиёданд, аммо ман ба худам қавл додаам, ки то “Хусури ман” тамом нашавад, шавҳар намекунам, зеро нақши ин филм дар ҳаёти ман хеле зиёд аст ва намехоҳам таҳиягаронро дар нимароҳ гузорам”.

Гулноза Хоҷаева ҳоло ҳамчун блогер низ фаъол аст ва ӯро дар Инстаграм наздики 300 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.