Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Бонки ҷаҳонӣ. Сатҳи бекорӣ дар байни кишварҳои ИДМ аз 2 то 16%-ро ташкил медиҳад
Дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бахусус кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон аз ҳама пасттарин арзёбӣ шудааст. Дар ин хусус расонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба омори Бонки ҷаҳонӣ хабар медиҳанд. Тибқи арзёбиҳои оморӣ Тоҷикистон аз ҷиҳати нишондиҳандаи сатҳи бекорӣ дар қатори кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама оқиб аст.
Бар асоси бархе иттилоот сатҳи бекорӣ дар кишвар дар соли 2024 ҳамагӣ 1, 9% -ро ташкил додааст. Аз 2,7 миллион аҳолии қобили меҳнат 98,1 % ба кор ҷалб шудаанд.
Тибқи иттилои мақомот 51 ҳазору 400 нафар расман бекор ҳисобида мешаванад, вале Бонки ҷаҳонӣ бо ин рақамҳо розӣ нест. Бонки ҷаҳонӣ арзёбӣ мекунад, ки сатҳи воқеии бекорӣ дар Тоҷикистон тақрибан 11,5% -ро ташкил медиҳад.
Дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи нишондиҳандаҳои оморӣ бекорӣ аз ҳама зиёд дар Арманистон - 13, 2 фоизро ташкил медиҳад. Баъди он Озорбойҷон 5,4 %, Қазоқистон 4,5 %, Ӯзбекистон 4,5%, Туркманистон 4,1%, Беларусия 3%, Русия 2, 3% ва Қирғизистон 2,1 % қарор доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад