Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Рейтерз: Ҳамкориҳои Русия ва Кореяи Шимолӣ “васеътар” мешаванд
Низомиёни Кореяи Шимолӣ ба шароити душвори ҷанги муосир мутобиқ шудаанд ва бо қабул намудани талафоти бештар ба таҳкими сафи неруҳои Русия дар ин ҷанг кумак мекунанд.
Бар асоси таҳқиқоти хабаргузории Рейтерз Кореяи Шимолӣ дар сатҳи бесобиқа ба Русия барои идомаи ҷанги Украина кумак мерасонад. Ин кумакҳо аз ирсоли миллионҳо гулӯлаи тупхона, системаи мушакӣ ва фиристодани ҳазорҳо сарбоз ба ҷабҳа иборат аст.
Тибқи иттилои мақомоти украинӣ то ба имрӯз тақрибан 14 000 сарбози кореягӣ ба қаламрави Русия ворид шудаанд, ки тақрибан 3000 нафари онҳо барои иваз намудани талафоти қаблӣ омадаанд.
Чаҳор киштии таҳримшудаи Русия 64 бор миёни бандари Раҷини Кореяи Шимолӣ ва бандарҳои шарқии Русия ҳаракат намуда, ҳудудан 15 800 контейнер муҳимотро ба Русия интиқол додаанд. Баъди ин борҳо ба воситаи қатора ба анборҳои муҳимот, дар наздикии хатти ҷабҳаи Украина интиқол дода шудаанд.
Таҳлили тасвирҳои моҳвораӣ ва ҳуҷҷатҳои артиши Русия нишон медиҳад, ки дар бархе ҳолатҳо 100 дарсади муҳимоти истифодашавандаи баъзе воҳидҳои русӣ аз Кореяи Шимолӣ таъмин шудаанд.
Кореяи Шимолӣ то ба ҳол тақрибан 4 миллион гулӯлаи тупхона, аз ҷумла муҳимоти 122 ва 152 миллиметрӣ ва низомҳои партоби чандгона ба Русия фиристодааст. Ҳамчунин, аз охири соли 2023 мушакҳои балластикии сохтаи Кореяи Шимолӣ дақиқияти пас доштанд, аммо тадриҷан дақиқияти онҳо афзоиш дошта, ҳадафҳоро дар масофаи 50 то 100 метр мезананд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”