27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
17.04.2025 08:34

Шаҳри нави Андиҷон ба номи Бобур номгузорӣ мешавад

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки шаҳри нави Андиҷон ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобур номгузорӣ шавад. Ӯ гуфтааст, ки ин шаҳр мисли шаҳри Навоӣ пуле миёни таърих ва оянда хоҳад буд. Пешниҳоди президентро рӯзи 15-уми апрел мардуми вилояти Андиҷон ба хушӣ истиқбол намудаанд. Дар ин хусус расонаҳои ӯзбекистонӣ хабар медиҳанд.

“Бобур Мирзо идомадиҳандаи арзандаи эҳёи Темуриён - шахсияти бузургу фархунда, пуштибони илм, фарҳанг, санъат ва адабиёт, истеъдоди инсонӣ мебошад. Мероси нотакрори ӯ халқи моро дар ҷаҳон машҳур гардонд. Сохтмони як шаҳр бо номи ӯ амалӣ гардидани орзуи аҷдоди бузургамонро ба таври рамзӣ ифода мекунад” – таъкид кард президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.

Бар асоси нақша, дар шаҳри нав як маҷмаи бузурги таълимӣ сохта мешавад, ки кӯдакистонҳо, мактабҳо, донишгоҳ, осорхона, китобхона ва боғи технологии IT –ро дар бар хоҳад гирифт.  Дар дохили донишгоҳ маҷмааи варзишии муосир бо меъёрҳои байналмилалӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Расонаҳои ӯзбекистонӣ менависанд, шаҳри Бобур ба маркази маънавӣ табдил хоҳад ёфт, ки арзишҳои миллиро инъикос намуда, сарчашмаи илҳом барои ҷавонон, маркази нави сайёҳӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин, як “шаҳри оқил” бо технологияҳои пешрафта хоҳад шуд.

Дар баландтарин нуқтаи боғ ҳайкали Муҳаммади Бобур гузошта хоҳад шуд. Барои иҷрои барномаҳои сохтмонии мазкур 250 миллион доллар сармоягузорӣ сурат хоҳад гирифт.

“Тавре маълум аст, новобаста аз он ки Заҳириддини Муҳаммади Бобур дар кадом нуқтаи дунё ва кадом кишвар қарор дошт, тамоми умри худро бо ёди Ватан ва орзуи бозгашт сипарӣ кард. Ман фикр мекунам, ки имрӯз орзуи аҷдоди бузурги мо ҷомеаи амал пӯшид ва гӯё ӯ дубора ба Ватан баргашт. Ҳамагонро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик мегӯям” – гуфт Шакват Мирзиёев.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.