Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Миёни Душанбе - Иссик-Кул ва Хуҷанд - Иссик-Кул хатсайри нави ҳавоӣ боз мешавад
Роҳбарони ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар хусуси афзоиш додани парвозҳои хатсайри Душанбе-Бишкек ва Хуҷанд-Бишкек ба созиш расида, қарор намуданд, ки миёни минтақаи Иссик-Кули Қирғизистон ва шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд хатсайри нав ташкил карда шавад.
Рӯзи 15-уми апрел директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур ва директори Агентии давлатии авиатсияи граждании назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Бостон Данияр масъалаи мазкурро баррасӣ намуданд.
Бар асоси иттилоъ, дар ҷараёни мулоқот масъалаи ба роҳ мондани хатсайри парвозҳо дар самти Душанбе – Иссик-Кул ва Хуҷанд - Иссик-Кул баррасӣ гардида, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар хусуси бехатарии парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ, рақобатпазир кардани соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Ҷонибҳо “ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ, лоиҳаи “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии авиатсияи граждании назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон” санади ҳамкорӣ имзо намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”