27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
16.04.2025 14:28

Таҳсил дар хориҷ. Намояндагони донишгоҳҳои бонуфуз ба Тоҷикистон омаданд

Дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, ки 14-уми апрел дар шаҳри Душанбе Фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 180 нафар намояндаи 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ, аз ҷумла, ИМА, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кипр, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Беларус доир гашт.

Зимни чорабинӣ Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки фестивал – намоишгоҳи мазкур бо мақсади тақвияти фаъолият дар самти густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон доир мегардад.

Манбаъ менависад, ки намоишгоҳи мазкур барои шиносоии пурраи ҷавонону наврасони кишвар бо дастоварду имкониятҳои донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, ҷалби шумораи бештари ҷавонони тоҷик ба ин муассисаҳо, дар риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологияҳои иттилоотии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, инчунин, фароҳам намудани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки фестивал – намоишгоҳи мазкур аз 14-ум то 18-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд баргузор мегардад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.