Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ба Ҷоми ҷаҳон меравем! Ҷоми Осиё-2025 барои мо ба охир расид
Шоми гузашта дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Кореяи Ҷанубӣ рақобат карданд.
Вақти асосии дидори мазкур бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид ва дар силсилаи 11-метраҳо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 5:3 ғалаба кард ва бо ҳамин Ҷоми Осиё-2025 барои наврасони мо ба итмом расид.
Бояд гуфт, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2025 чор бозӣ доир намуда, дар марҳилаи гурӯҳӣ бар тимҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) пирӯз шуда, аз тими Кореяи Шимолӣ (0:3) шикаст хӯрда буд. Ҳунарнамоии тими миллии кишвар хеле хуб буд ва онҳо дар гурӯҳ бо касби 6 имтиёз садрнишин буданд.
Мавриб ба зикр аст, ки барои дастаи наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиё-2025 тамом шуда бошад ҳам, роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, ба даст овард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”