Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Президенти Фаронса аз кишварҳо хост Фаластин ва Исроилро ба расмият шиносанд
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон изҳори умед кард, ки қарори Фаронса оиди ба расмият шинохтани кишвари Фаластин, дигар кишварҳоро низ ба чунин иқдом ташвиқ мекунад. Ӯ гуфт, кишварҳое, ки Исроилро ба расмият нашинохтаанд, бояд ин корро анҷом диҳанд.
Эммануэл Макрон қаблан изҳор дошт, ки эҳтимолан Фаронса дар моҳи июн кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад. Ин изҳороти ӯ хашми ҳукумати Исроилро барангехт. Президенти Фаронса аз Маҳмуд Аббос хост Ҳамосро канор гузорад ва ислоҳотро дар Идораи худгардони Фаластин оғоз кунад.
Фаронса яке аз кишварҳои аврупоӣ аст, ки аз гузаштани назорати Ғазза ба дасти Идораи худгардони Фаластин зери роҳбарии Маҳмуд Аббос ҳимоят кард. Эммануэл Макрон рӯзи душанбе бо Маҳмуд Аббос суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Эммануэл Макрон пас аз суҳбати телефонӣ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Фаронса комилан омода аст, то озодии тамоми гаравгонҳои исроилӣ, барқарории оташбаси устувор ва расонидани кумаки башардӯстона ба Ғаззаро таъмин кунад”.
“Муҳим аст, ки чорчӯби давраи баъдии ҷанги Ғазза таъриф шавад: хунсо кардани силоҳ ва ҳошиянишин кардани Ҳамос, таъмини сохтори ҳукуматдории боэътимод ва ислоҳоти идораи худгардони Фаластин. Ин нақша бояд шароити пешрафт ба сӯи ҳаллу фасли сиёсӣ бо таъсиси ду кишварро фароҳам кунад” – пешниҳод кардааст Макрон.
Президенти Фаронса таъкид кард, ки кишвараш дар ҷараёни як ҳамоиши СММ дар моҳи июн дар Ню-Йорк кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад.
Хабаргузории фаластинии “Вафо” хабар дод, ки Маҳмуд Аббос ва Эммануэл Макрон “ба зарурати фаврии ба даст овардани оташбас, суръат бахшидан ба расонидани кумакҳои башардӯстона ва мухолифат бо кӯчонидани иҷбории мардуми Фаластин аз сарзаминашон” таъкид намуданд.
Ҳамчунин, Фаронса аз тарҳе, ки кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Урдун барои бозсозии Ғазза бидуни кӯчонидани 2,4 миллион сокини он пешниҳод кардаанд, ҳимоят кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”