Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳиндустон силоҳи қавии лазерии "Surya"-ро озмоиш кард
Ҳиндустон бо озмоиши муваффақонаи силоҳи лазерии қавии дурбурд дар сафи кишварҳое қарор гирифт, ки дорои силоҳи лазерӣ мебошанд. Силоҳи лазерие, ки дар Ҳиндустон мавриди озмоиш қарор гирифт, метавонад то 20 километр ҳадафро нобуд кунад.
Созмони таҳқиқот ва рушди дифоии Ҳиндустон силоҳи лазерӣ бо қудрати 300 квт-ро таҳия кард, ки "Surya" ном дорад ва метавонад то 20 километр ҳадафро нобуд кунад. Дар ин хусус, расонаҳои ҳиндустонӣ хабар доданд.
Созмони таҳқиқоту рушди дифоии Ҳиндустон дар хусуси рушди силлоҳҳои лазерӣ пешрафтҳои муҳимро ба даст оварданд. Системаи лазерӣ дорои масофаи амалиётии 20 километр буда, барои безарар намудани таҳдидҳои ҳавоӣ, аз ҷумла бесарнишинҳо, мушакҳо ва дигар лоиҳаҳои ҳавоӣ барномарезӣ шудааст.
Силоҳи лазерии "Surya" бо қудрати фавқулода баланди худ масофаи тӯлонии бархӯрд дошта, тавоноии дифои ҳавоии артиши Ҳиндустонро боло мебарад ва нисбат ба системаҳои анъанавии дифои ҳавоии мушакӣ як роҳи камхарҷ ба ҳисоб меравад.
Бар асоси иттило Маркази илм ва технологияи лазер, ки озмоишгоҳи пешбар дар бахши технологияҳои DRDO аст, силоҳи лазерии Ҳиндустонро сохта ва амалиётӣ намудааст. Дар гузашта DRDO як лазери 25 квт сохта буд, ки қобилияти ҳадафгирии мушакҳои балластикиро дар масофаи 5 то 7 километр дошт. Ин дастоварди нави техникӣ қадами нав дар роҳи ба даст овардани силоҳи лазерии қудратманд дониста мешавад.
Бар асоси арзёбии коршиносон системаи 300 квт ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар самти силоҳҳои лазерӣ мувофиқ мебошад. Кӯшишҳои DRDO аз уҳдадории он дар муттаҳид кардани технологияҳои пешрафта ба сохтори дифоии Ҳиндустон шаҳодат медиҳад. Ҳарчанд ҳанӯз дар самти мазкур мушкилот вуҷуд дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”