Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Стивен Уиткофф: “Созиши ҳастаӣ бо Эрон бояд “созиши трампӣ” бошад”
Намояндаи махсуси Доналд Трамп Стивен Уиткофф дар тозатарин изҳороти худ гуфт, ки ҳар гуна созиши ниҳоии атомӣ бо Эрон фақат дар сурате амал хоҳад шуд, ки “созиши трампӣ” бошад.
Стивен Уиткофф рӯзи 15-уми апрел бо нашри паём дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки созиши атомӣ бо Эрон тибқи назари Доналд Трамп бояд анҷом бигирад.
“Ҳар созише бояд заминае барои сулҳ, субот ва шукуфоӣ дар Ховари Миёна фароҳам созад ва шарти он қатъ ва барҳам задани комили барномаи ғанисозӣ ва силоҳсозии атомии Эрон бошад” – гуфт Стивен Уиткофф.
Ӯ таъкид кард, ки Доналд Трамп аз ӯ хостааст созише “сахтгирона, одилона ва пойдор” омода шавад: “Созише, ки тавонад дар дарозмуддат боқӣ монад ва манфиатҳои ҷаҳониро таъмин намояд”.
Ҳайти амрикоӣ ва эронӣ зери роҳбарии Стивен Уиткофф ва Аббос Ироқчӣ рӯзи шанбе дар шаҳри Масқати Уммон ба таври ғайримустақим музокира анҷом дода буданд.
Кохи сафед бо нашри изҳорот, ин музокиротро хеле мусбат ва созанда арзёбӣ намудааст. Ин дар ҳолест, ки Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфта буд, масъалаҳои дохилии Эрон набояд ба ин музокирот вобаста бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”