Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Амруллоҳ Солеҳ: “Қумондони аршади Толибон ба воситаи “писари беришаш” кушта шуд
Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини президенти Афғонистон гуфт, як мақоми аршади Хадамоти иттилоотии Толибон бо номи Абдулраҳим Ҳамза ба воситаи “писаре, ки ӯро барои мақсадҳои ҷинсӣ нигоҳ медошт” кушта шуд. Толибон ва сарчашмаҳои мустақил дар хусуси ин хабар чизе нагуфтаанд.
Муовини пешини президент рӯзи душанбе, 14-уми апрел дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки калимаи “писар” дар ин ҷо барои ишора ба наврасон ва баъзан кӯдакони хурдсол истифода мешавад, ки аксар вақт аз сӯйи аъзои Толибон мавриди сӯйистифодаи ҷинсӣ қарор мегиранд. Ба назар мерасад, ки ин “писар” аз вазъият хаста шуда, даст ба куштор задааст.
Ӯ гуфт, ки фарҳанги бачабозӣ дар миёни Толибон як амали маъмул аст ва расонаҳои ҷаҳонӣ низ борҳо онро гузориш додаанд. Созмони “Раванди сабз” бо роҳбарии Амруллоҳ Солеҳ иддао мекунад, ки Абдулраҳим Ҳамза аз сӯйи роҳбарони олии Толибон ҳамчун муовини нахустини Хадамоти иттилоотии хориҷӣ таъйин шуда буд.
Дар як изҳороти матбуотӣ бо такя ба тасвирҳои нашршуда, гуфта мешавад, ки ин узви Хадмоти иттилоотии Толибон дар минтақаи вобаста ба ҳуҳудҳои 13-17 –и Дашти Барчӣ ба воситаи “писари бериш” –и худ кушта шудааст. Тасвирҳо нишон медиҳанд, ки муовини Хадамоти иттилоотии хориҷии Толибон Абдулраҳим Ҳамза низ тир хӯрдааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”