Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Исроил поксозии қавмиро ба роҳ мондааст, Ғазза бӯйи марг мекунад
Созмони Табибони бидуни марз гуфт, ки сиёсати низомии Исроил бар асоси интиқоми кӯр-кӯрона асос ёфта, артиши ин кишвар поксозии қавмиро дар Ғазза роҳандозӣ намудааст. Ин созмон таъкид кардааст, ки ҳамлаҳои пай дар пайи Исроил ба бемористонҳо ҳамаи нишонаҳои зиндагиро нобуд намудааст ва Ғазза бӯйи марг медиҳад.
Дар идомаи вокуниши созмонҳои ҷаҳонӣ дар хусуси бомбаборони ваҳшиёнаи Исроил ба бемористони Ал-Маъмадонӣ – охирин бемористони фаъол дар шимоли Навори Ғазза, Созмони табибони бидуни марз гуфт, ки Исроил ҷанги поксозии қавмӣ бар зидди Ғаззаро роҳандозӣ намуда, тамоми имконоти зиндагӣ дар ин минтақаро аз байн бурдааст.
Анас Абулхалаф, раиси Дафтари расонаии минтақаи Табибони бидуни марз гуфтааст: “Бӯйи марг тамоми Ғаззаро фаро гирифтааст, зеро сиёсати низомии Исроил бар асоси интиқоми кӯр-кӯрона ва ваҳшиёна асос ёфтааст”.
Анас Абулхалаф дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” гуфтааст, ки “Сенарияи ҳадаф қарор додани бемористонҳои Ғазза бо хушунати афзоянда такрор мешавад ва ҳамзамон артиши Исроил бо баҳонаҳои такрорӣ ин ҷиноятҳоро сафед мекунад. Бар асоси қонунҳои байналмилалӣ бемористонҳо, аз ҷумла марказҳое ҳастанд, ки дар замони низоъ бояд ҳимоя шаванд ва ҳадаф қарор додани онҳо беасос ва ғайриқонунӣ аст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”