27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
15.04.2025 18:09

Нахустин бор дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби рагҳои сонӣ анҷом дода шуд

Табибон барои нахустин бор дар Тоҷикистон бо истифода аз таҷҳизоти муосир амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ барои барқарор намудани рагҳои каротидӣ (сонӣ) –ро анҷом доданд. Ин амалиёти ҷарроҳӣ дар шуъбаи нейрохирургии Маркази миллии тиббии “Шифобахш” гузаронида шуд.

Бемор як марди 56 – сола бо номи Мирвалӣ Нуралиев аз ноҳияи Рашт буд, ки бо ташхиси сактаи мағзӣ, фалаҷи қисми рости бадан, нуқси гуфтор ва  равонӣ ба беморхона интиқол дода шуд.

Бар асоси ташхис бемор ба тромбоз ва басташавии рагҳои каротидӣ дучор шуда буд, ки  ҳолати ӯро бадтар мекард. Баъди ташхиси ҳамаҷониба мушаххас гардид, ки ҷарроҳии таъҷилӣ барои барқарор намудани гардиши хуни марғи сар зарур аст.

“Дар вақти амалиёт мо пайвасткунии рагҳоро миёни қисми болоии раги гардан ва рагҳои дохилии мағзи сар анҷом додем, ки ба бартарафсозии пурраи тангшавии рагҳо мусоидат намуд. Баъд аз амалиёт бемор тавонист узвҳояшро ҳаракат диҳад, гуфтораш беҳтар шуд ва хотирааш тадриҷан бақарор мегардад” – гуфт ҷарроҳ Назруллоҳ Раҳимов.

То ба имрӯз анҷом додани чунин амалиётҳо дар Тоҷикистон ғайриимкон буд, зеро таҷҳизоти муосир ва малакаҳои зарурии амалӣ мавҷуд набуданд. Қаблан, бисёре аз беморон пас аз сактаи мағзӣ бо фалаҷ ва нуқси гуфтор боқӣ мемонданд ва наметавонистанд ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд.

“Ҳоло бо пайдоиши шароити зарурӣ барои ташхис ва муолиҷа чунин амалиётҳо дар кишвари мо имконпазир шудаанд. Мо ифтихор дорем, ки метавонем ба беморон барои баргашт ба ҳаёти муқаррарӣ кумак расонем” – афзуд Раҳимов.

Табибони Марказ дар муассисаҳои пешрафтаи тиббии ҷаҳонӣ аз омӯзиш гузаштаанд ва ҳоло аз усулҳои муосири муолиҷа фаъолона  истифода мебаранд. Ба гуфтаи намояндагони Марказ, истифодаи технологияҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисон ба беҳтар шудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар мусоидат мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.