27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
15.04.2025 18:02

Тошканд мизбони рушди дипломатияи об бо ширкати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон

Дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони “Дипломатияи об дар Осиёи Марказӣ: эътимод, муколама ва ҳамкории бисёрҷониба ба манфиати рушди устувор” баргузор гардид.

Ҳамоиш аз сӯйи Институти таҳқиқоти стратегии назди президенти Ӯзбекистон ташкил шуда, дар он намояндагони доираҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ, мутахассисони соҳаи хоҷагии об ва таҳлилгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо ширкат намуданд. Нахустин бор дар чунин формати ҳамоиш намояндагони Афғонистон иштирок намуданд.

“Ҳамоиши имрӯз на фақат як форуми илмӣ, балки ба як платформаи пурраи сиёсиву коршиносӣ мубаддал гардид. Мо мутахассисонро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва муассисаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Институти байналмилалии идоракунии захираҳои об, Агентии ҳамкории Швейтсария ва дигар ниҳодҳо сари як миз ҷамъ намудем. Ин нишонаи таваҷҷуҳи баланди тарафҳо ба ташкили ҳамкории устувори обӣ мебошад, изҳор дошт муовини аввали Директори Институти таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ӯзбекистон Акрамҷон Неъматов.

Тибқи гуфтаи ӯ, мавзӯи истифода ва мудирияти оқилонаи захираҳои обӣ барои кишварҳои минтақа аҳамияти бештар касб мекунад.

“Масъалаи марбут ба захираҳои об ба тамоми кишварҳои минтақа рабт доранд. Маҳз дипломатияи об, ки бар пояи эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтааст, имкон медиҳад, мувозинати манфиатҳо нигоҳ дошта шавад ва қарорҳои дарозмуддати судманд таҳия гардад. Мо онро на танҳо як абзори ҳамкорӣ, балки як стратегияи рушди устувори минтақавӣ медонем” – гуфтааст Акрамҷон Неъматов.

Ӯ, ҳамчунин ба зиёд шудани иштироки Афғонистон дар равандҳои минтақавӣ ишора карда чунин гуфт: “Ҳанӯз дар солҳои 1990-ум дарк шуда буд, ки Афғонистон бояд ба музокироти обӣ ҷалб шавад. Мо ҳавзаҳои обии муштарак дорем ва бидуни ширкати ин кишвар наметавон аз идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои обӣ ҳарф зад. Аммо дар он давра, дар Афғонистон вазъият ноустувор боқӣ монда буд. Имрӯз дар он кишвар ҳукумат ташаккул ёфтааст, ки ба субот, амният ва идоракунии самаранок мекӯшад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.